Абдураҳим Холиқзода, вакили Маҷлиси намояндагон: «Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар оғози ислоҳоти бузурги мафкуравӣ барои мардуми эътиқодманди мамлакат мебошад»
ДУШАНБЕ, 31.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 12 майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар мулоқот намуда, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва глобалии замони муосир сухан карданд. Пас аз ин мулоқоти Сарвари давлат, ки масъалаи меҳварии он даъват ба созандагию бунёдкорӣ, ба ҷо овардани амали хайру савоб, худдорӣ кардан аз аъмоли зишт, аёдати падару модар, беморону ранҷурон ва дигар амалҳои неки инсонӣ мебошад, қишрҳои гуногуни ҷомеа назари худро баён доштанд. Дар ин робита хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим ХОЛИҚЗОДА, ки солҳои зиёд дар вазифаҳои масъули самтҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мамлакат фаъолият кардааст, ҳамсуҳбат шуд, ки онро манзури хонандагони сомона мегардонем.
АМИТ «Ховар»: Муҳтарам Абдураҳим Холиқзода, маълум аст, ки пас аз мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар қишрҳои гуногуни ҷомеа назари мухталифи худро баён доштанд. Андешаи Шумо дар бораи аҳамияти суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба вазъи ҷаҳони муосир ва таъсири он ба тамаддуни башарият ва табиату ҷамъият чӣ гуна аст?
А.Холиқзода: Бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон, дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба се масъалаи муҳими ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат диққати ҷиддӣ доданд. Аввалан Пешвои миллат вазъи ҷомеаи ҷаҳониро, ки воқеан дар ҳоли бениҳоят муташанниҷ қарор дошта, ҷиҳати қонеъ намудани манфиатҳои стратегии миллӣ, сиёсӣ ва иқтисодию ҷуғрофии худ иддае аз кишварҳои олам бо стандартҳои дугона ва сегона низом ва тартиботи ҷаҳониро вайрон намуда истодаанд, инъикос карда, ҳушдор доданд, ки дар саргаҳи ҳамин бетартибиҳо дар асл муносибати нодуруст бо нафс ва хостаҳои инсонӣ қарор дорад, ки аз назорати ақли солим дур мондаанд. Бино ба таъкиди Сарвари давлат, «таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷаҳони бо суръати кайҳонӣ тағйирёбанда ва муборизаи абарқудратҳо барои тақсими неъматҳои моддӣ ва сарватҳои табиӣ дар баробари дастовардҳои бесобиқа бисёр осебпазир гардида, зарари он ба ташаккули дунёи маънавии инсон рӯ ба афзоиш мебошад. Ин ҳолат вазъи зиндагии олитарин ҷавҳари офариниш – инсонро дар гаҳворааш — сайёраи Замин рӯз ба рӯз мушкил гардонида истодааст». Дуюм, эҳсос мешавад, ки Сарвари давлат вазъи ҷаҳонро ба шаҳрвандони мамлакат ҳушдор дода, агар аз як ҷониб онҳоро дар шароити кунунӣ ба ҳушёрии сиёсӣ, муттаҳидӣ ва ваҳдат даъват карда бошанд, аз ҷониби дигар, дар арафаи моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи раҳмат, мағфират ва назорати нафси саркаши инсонист, иллати ин ҳама бетартибиҳоро маҳз аз ҳамин дуршавии иддае аз аҳли башар аз арзишҳои маънавӣ ва ахлоқӣ шарҳ дода, дар ин замина таъкид доштанд, ки дар шароити имрӯз мо бояд аз ҳарвақта дида бештар эҳтироми якдигар, қадршиносии ҳамватан, дастгирии ниёзмандону наздиконамонро аз ҳама неъматҳо болотар гузорем. Воситаи муассири табобати ин бемории нафси саркаш, ки дар сурати сарҳуияш метавонад насли инсониро маҳв гардонад, аз бисёр ҷиҳат дар ҳикмати ҳамин моҳи шарифи Рамазон низ нуҳуфтааст. Ва ниҳоят сеюм, Пешвои миллат бо дастуру ҳидоятҳо роҳи ҳимояти мафкура ва соҳибихтиёрии маънавиро дар шароити ноороми ҷаҳон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо аносири ҳикматҳои он пешниҳоди аҳли нишаст карданд. Дар маҷмӯъ, дар арафаи ин моҳи муборак чанд мушкили ҳаёти иҷтимоиро бо ҳам дар ҳамбастагӣ муаррифӣ карда, роҳҳои ҳалли онро дар чорчӯби ахлоқи миллати тоҷик, ҳикмати ниёгон ва дастовардҳои башарӣ шарҳу тавзеҳ доданд.
АМИТ «Ховар»: Сарвари давлат дар идомаи суханронии худ аз зиёдаравии баъзе ҳамватанонамон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки онҳо зиёратро ба тиҷорат табдил дода, чандин бор ба ҳаҷ мераванд. Ин дар ҳолест, ки онҳо метавонанд маблағи ҳаҷҷи такрориро барои кумак ба хешу табори муҳтоҷи худ, таъмири роҳи деҳа ё бунёди мактабе, ки фарзандону набераҳояшон дар он бо шароити беҳтар таҳсил хоҳанд кард, сарф кунанд. Шумо дар ин маврид чӣ гуфтаниед?
А: Холиқзода: Президенти мамлакат комилан дуруст таъкид намуданд. Ба назар чунин мерсад, ки иддае аз шаҳрвандони мо ҳикмати моҳи шарифи Рамазон ва адои маносики ҳаҷ, ҳатто асрори тоату ибодатро дуруст дарк накарда, бештар ба амалҳои қолабӣ даст мезананд. Ҳол он ки ҳар амале, ки дар шариати исломӣ фарз ва воҷиб мешавад, ҳикмати худро дорад. Ва ин ҳикмат, қабл аз ҳама, ба саодати инсон, ободии хонадони ӯ ва оромии рӯҳаш нигаронида шуда, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд омили ташвиши худ ва наздикони ӯ гардад ва ё аз меъёри муайян берун ҷаста, ба исрофу худнамоӣ табдил ёбад. Зеро Худованд барои мо, инсонҳо саодат ва накӯиро мехоҳад. Пас мо чаро ба хотири Ӯ гӯё амалҳое мекунему ҳам ба тани худ ва ҳам ба нафъи дигарон зарар ворид месозем. Ин ҳолатро ҳаргиз Худованд, ки ба адл ва низом такя менамояд, қабул наменамояд.
Ислом дар қиёс бо дигар динҳо хосияти афзали иҷтимоиро дорост ва он қабл аз он ки мӯъминро ба даргоҳи худ хонад, ба вай ҳаққу вазифаҳои муайяне муқаррар кардааст, ки онҳоро ҳамчун инсони солеҳ нисбат ба падару модар, бародару хоҳар, фарзандону пайвандон, ёру дӯстон, камбағалону мискинон, ҳамсоягону ҳамватанон бояд иҷро намояд. Дар масъалаи ҳаҷ Ҷаноби Олӣ аз таъкидоти бузургони гузаштаи мо мисолҳои комилан равшан оварданд. Он кас чанд мисраъ аз Мавлонои Балхӣ, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ ва ҳатто ривояти Султони орифони олам- Боязиди Бастомиро аз тазкираҳо оварданд, ки дар онҳо ҳикмати ҳаҷ ва афзалияти амалҳои солеҳ дар онҳо кушода дода шудааст. Фикр мекунам, мо дар ин кор агар боз ҳам гӯш ба фармудаи бузургон диҳем, беҳтар аст.
Мавлонои Балхӣ мефармояд:
Тавофи каъбаи дил кун, агар диле дорӣ,
Дил аст каъбаи маънӣ, ту гил чӣ пиндорӣ.
Ё Хоҷа Адуллоҳи Ансорӣ гуфтааст:
Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.
Каъба бунёди Халили озар аст.
Дил гузаргоҳи Ҷалили Акбар аст.
АМИТ «Ховар»: Сиёсигардонии ислом ва вусъат ёфтани динситезӣ дар шароити муосир ва ҷалби ҷавонони ноогоҳ ба сафҳои гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ аз масъалаҳое буданд, ки дар мулоқоти мазкур махсус зикр шуданд. Аз нигоҳи Шумо ин равандҳо чӣ гуна ба миён омада истодаанд?
А: Холиқзода: Тавре Пешвои муҳтарами миллат дар суханронии худ дар мулоқоти зикршуда бамаврид таъкид намуданд: «Назари қотеонаи мо ин аст, ки ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад. Ислом дини мо, эътиқоди мо ва манбаи покизагии ҳаёти мо мебошад. Ислом бояд барои ташаккули рӯҳи инсон ва покизагии рӯзгори ӯ хизмат намояд». Фикр мекунам таъйиноти аслии ҳар дин ҳам ҳамин аст. Махлут намудани дин бо ғаризаҳо ва муборизаҳои сиёсиро таърихи башар гувоҳӣ медиҳад, ки амали нек нест. Ва тайи чанд даҳсолаи охир мо шоҳиди онем, ки чӣ гуна гурӯҳҳои бадхоҳ ва душманони асили ин дин мардуми мусулмонро тавассути сиёсикунонии эътиқод ба гирдоби муноқишаҳо мекашанд. Дин ва эътиқод кори шахсии ҳар инсон ва муносибати ӯ бо офаридгор аст, онро бо мақсадҳои нопок олуда карда, боварӣ ва эътиқоди мардумро суиистифода намудан амали зишт ва нобахшиданист. Имрӯз бубинед, хонаи мардуми мусулмони олам аксаран месӯзад. Чаро? Чунки байни мо, мусулмонон иддаи зиёде мехоҳанд масъалаҳои моддӣ ва манфиатҳои сиёсии худро тавассути ислом ҳал намоянд. Ин ҳолат динро ба мубориза кашида, дар тобеияти манфиатҳо қарор медиҳад. Дар натиҷа бо номи дин даст ба амалҳои зишт зада, номи ислом ва мардуми мусулмонро доғдор менамоянд. Мутаассифона, дар байни чунин ҷавонони фиребхӯрда фарзандони миллати мо низ ҳастанд. Ин ҳолат боиси нигаронӣ буда, аз ҳар яки мо масъулияти баландро зимни бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ тақозо менамояд. Имрӯз дар мамлакат ҷиҳати қонеъ намудани озодиҳои эътиқодӣ заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Аз ин хотир моро зарур аст, ки ҳуқуқу озодиҳои диниро амалӣ намуда, Ваҳдати миллиро ҳифз карда, соҳибихтиёрии давлатамонро аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ ҳифз намоем.
АМИТ «Ховар»: Тавре маълум аст, тайи даҳсолаҳои охир бо суиистифода аз дину эътиқод ва бо мақсади бунёди давлати исломӣ таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ба ном “исломӣ” бештар гардидааст. Барои пешгирии ин омилҳо, ки оқибати онҳо ба ҷомеаи башар маълуму машҳур аст, чӣ тадбирҳо бояд амалӣ карда шаванд?
А.Холиқзода: Агар ба мазмуну муҳтавои ҳамин суханронии таърихии Пешвои миллат аз назари илмӣ назар афканем, фикр мекунам, ин суханронӣ суханронии одӣ набуда, балки бештар аз он оғози як ислоҳоти бузурги мафкуравӣ барои мардуми эътиқодманди кишвар мебошад. Зеро дар он на танҳо масъалаҳои муҳими ҷомеаи башарӣ бо мушкилиҳои ҳаёти мафкуравии миллат ҳамчун қирраҳои мухталифи вазъи ҷомеа хушку холӣ не, балки дар ҳамбастагӣ шарҳу тавзеҳ ёфта, имкони таҳдидҳои содиршаванда аз ин чолишҳо махсусан таъкид шуд. Ҳамзамон ёдрас низ гардид, ки миллате, ки як маротиба аллакай ба гирдоби чунин бетартибиҳо гирифтор шудааст, ҳаққи маънавӣ надорад, ки ба эҳтимолияти тавлиди дубораи онҳо хунсардона назар намояд. Мо бояд ҳушёрию зиракиро аз даст надода, дар такя ба андешаи неку, ҳарфҳои саршори пандомӯзу амалҳои созандаю таҳаммулгарои ниёгону бузургони миллат Ватани азизамонро дӯст дошта, барои ободии он кӯшиш намоем. Бо ин мақсад Сарвари давлат роҳҳои ибтидоии онро чунин муқаррар карданд:
- Аз имкониятҳои мавҷудаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мафкуравӣ дуруст истифода намуда, наслҳои нави донишманду эҷодкор, худшиносу худогоҳ, ба шароити нави таърихӣ тобовар ва содиқ ба ормону ҳадафҳои давлати соҳибистиқлолро тавассути меъёрҳои иҷтимоии устувор тарбия намоем;
- Мушкилоту норасоиҳо на бо суханони хушку холӣ, тарғиботи мавсимӣ ва ҳатто ифтихороти зоҳирӣ ҳал мешаванд, балки заҳмати пайваста ва доимиро талаб карда, аломатҳои миллати муосири соҳибдавлатро тақозо доранд ва онҳо тавассути тарбияи муназзами маънавӣ ва ҳуқуқии ҳар шаҳрванд аз оила, мактаб, донишгоҳ то коргоҳ дастаҷамъона бартараф мегарданд;
- Муттаҳидию сарҷамъии халқи Тоҷикистон, наслҳои имрӯзу ояндаи он, атрофи арзишҳои бунёдии давлатдории миллӣ ва ғояҳои созандаи давлат на танҳо халқи моро аз таъсири манфии офатҳо ва иллатҳои маънавию сиёсии замона барои садсолаҳо ҳифз менамояд, балки инчунин тоҷиконро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз муаррифӣ мекунад.
Маҳз ҳамин нуктаҳои нек, ки ҳадафи аслии вохӯрии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муаррифӣ карданд, дар асл мисли як платформаи маънавие муаррифӣ гашта, дар ояндаи наздик имкон дорад миллати тоҷикро аз ин таҳдидҳо ҳифз намоянд.
АМИТ «Ховар»: Масъалаи дигари муҳиме, ки дар мулоқот махсус зикр шуд, даъват ба парҳез кардан аз дастархони намоишкорона, исроф накардани маводи ғизоӣ, роҳ надодан ва худдорӣ кардан аз исрофкорӣ мебошад. Ин гуфтаҳо аз ҷумлаи муқаррароти Қонуни миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошанд, ки Ҳукумати мамлакат ба хоттири беҳтар гардидани сатҳи некӯаҳволии зиндагии халқ қабул намудааст. Мехостам дар бораи якчанд ҷузъи дигари ин қонун сухан бигӯед.
А. Холиқзода: Медонед, банда ки солҳои зиёд ба татбиқи ин қонуни миллӣ машғул будам, ҳамеша ва ҳатто дар ҳолатҳои ҷудогона нуктаҳои мухталифу ҳикматҳои гуногуни онро ҳамчун ҳуқуқшинос эҳсос мекардам. Ин лаҳза низ атрофи он мумкин аст аз паҳлӯҳои мухталиф ҳарф зад. Вале муҳимтарин дастоварди ин қонуни миллиро дар байни дигар қонунҳои ватанӣ хеле мухтасаран дар шакли зайл баён менамоям:
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси Пешвои миллат пешниҳод гардид, аз табиати зиндагии халқи тоҷик сарчашма гирифта, ҷиҳати табобати бемории иҷтимоӣ, ислоҳоти маънавии халқ равона шудааст. Масъалаҳое, ки ин қонуни миллии мо назди худ ва ҷомеа гузошт, ба тағйирпазирии мафкураи қолабии мо дар муносибат ба арзишҳо, анъанаю маросим нигаронида шуда, ба тарзи зиндагии дуруст равона шудаанд.
- Дигар аз аломати муҳими ин қонун дар он ифода меёбад, ки он ба ислоҳи масъалаҳои нозук, шахшудаи мафкураи догматикӣ, сохторҳои идории таърихан бетағйирмонда ва дигар масъалаҳои шубҳаовар даст зада, паҳнои муносибатҳоеро ба танзим даровард, ки онҳо ё қарнҳо аз назари аҳли илми ҳуқуқ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дур монда буданд ва ё одатан аз ҷониби дигар меъёрҳои иҷтимоӣ ба муддати дуру дароз тасарруф шуда буданд.
- Аломати дигари ин қонуни миллӣ дар он ифода меёбад, ки нақши вай дар шаклгирии фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани маънавиёти миллат, беҳтар кардани вазъи анъанаю маросим ва одату боварҳои мардум бениҳоят бузург аст. Ин сифатҳо махсусияти ташаккули миллатро дар маҷмӯъ ва ё омодагӣ ва истодагарии халқро ба мушкилиҳо, таҳдидҳо ва даъватҳои нави таърихӣ таъмин менамоянд. Аз ин қарина ин қонун як воситаи муассири шаклгирии миллати муосири тоҷик аст, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Роҳбари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ таҳия гашт.
- Таҷрибаи 10-солаи амали қонун собит сохт, ки ин санади меъёрӣ- ҳуқуқии бо ҳаёт ва зиндагии халқ пайванд, ҳамроҳ бо манфиатҳо ва талаботи ҷомеа ҳамчун қонуни зинда табиати рушд ва тағйирпазирии мазмуниро дорад. Қонуни миллии мо халқи моро аз бадтарин хислати инсонӣ — такаббурӣ, карру фарри зиёдатӣ ва хароҷоти беҷо ва бемавқеъ, ки ҳам ба инсон, ҳам ба ҷомеа ва ҳам ба давлат зарари ҷиддӣ доранд, муҳофизат намуд.
Ҳақ ба ҷониби Жан Жак Руссо аст, ки 250 сол қабл аз мо гуфта буд: «Дар давлати демократӣ ва дунявӣ зарур аст, ки карру фарри зиёдатӣ ва исрофкорӣ хеле ва хеле кам, ё умуман вуҷуд надошта бошад. Зеро карру фари зиёдатӣ ва хароҷоти беҳуда ё бо сабаби дороӣ ва ё аз рӯи зарурат пайдо шуда, дар як вақт ҳам доро ва ҳам камбағалро, якеро бо дороӣ, дигарро бо нафсу ҳасудаш фосиқ, бадахлоқ ва вайрон мекунад: ин ҳолат ватанро гирифтори нозу неъмат, овораи шӯҳратпарастӣ сохта, аз ватан ҳама шаҳрвандон-тобеонро кашида мегирад, то ин ки якеро ғуломи дигаре ва ҳамаро дар маҷмӯъ ғуломи ақидаи нодуруст созад».
Ва ниҳоят месазад таъкид намуд, ки қонуни мазкур як барномаи муҳими миллатсозии Пешвои миллат буда, урфу одат ва анъанаю маросими халқи моро дар мизони адлу инсоф ва вобаста ба шароити нави таърихӣ ба низом даровардааст, ки онҳо тавонанд ба саодати ҳар хонадони кишвар созгор бошанд. Дар суханронии дар арафаи моҳи шарифи Рамазон баргузоршуда Сарвари давлат ба ислоҳоти маънавии миллати муосир аз ҷанбаи дигар рӯ оварда, таваҷҷуҳро ба ташаккули эътиқоди дуруст ва таҳаммулпазиру ватандӯст масъалагузорӣ карданд. Агар ин икдомҳои Пешвои миллатро дар як хулоса гирд оварем, пас гуфтан мумкин аст, ки дар раванди бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бо ташкили иқтисодиёти саноатию аграрии миллӣ, ногузирии ташаккули миллати муосири худогоҳ, ватандӯст, донишманд ва инсони комилу солеҳ ҳамчун омили муҳим ва марказии маънавӣ масъалагузорӣ мегардад.
Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»