«Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» беҳтаринҳоро муайян менамояд
ДУШАНБЕ, 21.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Душанбе — Плаза» аз ҷониби масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» ба кори худ расман оғоз кард.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, чорабинии мазкур мазкур бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 21 то 26 майи соли равон баргузор гардида, ҳадафи он дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе мебошад.
Дар ин Ҳафта чорабиниҳои гуногун бо иштироки наврасону ҷавонон доир ба илмомӯзӣ, пешбарии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, омӯзиши технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ, ташвиқи ғояҳои навовариву ихтироъкорӣ баргузор гардида, ҳамчунин доир шудани конференсияи илмӣ-эъҷодӣ, Форуми наврасону ҷавонон ва семинару тренингҳо дар назар дошта шудааст.
Дар чорабинии мазкур дар баробари хонандагону муаллимон, инчунин, олимону мутахассисон ва коршиносон низ иштирок мекунанд.













Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






