Ҳайати ҲХДТ дар Форуми ҳизбҳои сиёсии кишварҳои СҲШ дар шаҳри Шинҷони Чин иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 28.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Раиси ҳизб Раъно Бобоҷониён дар аввалин Форуми ҳизбҳои сиёсии кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки 26 майи соли равон дар шаҳри Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, иштирок намуд.
Раъно Бобоҷониён зимни маърӯзаи хеш дар ин ҳамоиш зикр кард, ки ҲХДТ ҳамчун ҳизби пешоҳанг дар пешбурди ҷомеаи навини Тоҷикистон нақши муассир дорад. Ӯ ҳамоиши аввалин ҳизбҳои сиёсии кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхайро дар фаъолияти ин созмон муҳим арзёби кард, зеро ин ҳамкориҳо барои таҳкими сулҳу субот ва ҳифзи амният дар минтақа ва қаламрави кишварҳои узви ин созмон мусоидат мекунад.
Пешниҳоди Раъно Бобоҷониён дар бораи он ки ҳамоиши бонувони ҳизбҳои сиёсии кишварҳои СҲШ баргузор гардад, аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ бо камоли майл пазируфта шуд.
Дар Форум зиёда аз 200 нафар намояндагони беш аз 30 ҳизби сиёсӣ аз 18 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои узви СҲШ ва кишварҳои нозири он ҳузур доштанд.
Бояд гуфт, ки аз Тоҷикистон дар кори Форум ду нафар намояндаи Ҳизби Коммунистӣ низ дар баробари ҳайати ҲХДТ даъват шудаанд.
Алӣ ҶӮРА,
аз шаҳри Шинҷони
Ҷумҳурии Мардумии Чин
махсус барои АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






