«АЙБИ ХУД АБЛАҲ НАБИНАД ДАР ҶАҲОН…» — изҳороти Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 17.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе андеша ва ақидаҳои муғризонаи ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ (Ҳизби наҳзати исломӣ), махсусан роҳбари хиёнаткору ифротии он Муҳиддин Кабирӣ ва дигар пайравонашро шадидан маҳкум менамояд.
Имрӯзҳо пайравони ин ташкилоти экстремистӣ, ки фаъолияти он дар асоси ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави мамлакат манъ шудааст, бо ҳар гуна роҳу восита, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мехоҳанд бо барангехтани кинаву адовати разилона миёни миллати сарбаланди тоҷик, шӯру низоъро ба миён оварда, авзои ороми кишвари азизамонро муташанниҷ созанд. Тавре шоире фармуда:
Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон,
Бошад андар ҷустани айби касон.
Аз ин ҷост, ки тайи чанд рӯзи охир, шӯру валвала ва тафриқаҳои нопоку ношоистаи М. Кабирӣ ва саркардаҳояш, ба монанди Муҳаммади Одинабек, Темур Варқӣ ва ҳаракати ифротии “Гурӯҳи 24” тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бештар ба назар мерасад. Ин хиёнаткорони ифротӣ то ба ҳадде гирифтори ҳасуду кина, кизбу дурӯғ ва нотавонбин шудаанд, ки ба дилхоҳ дастоварду пешравиҳои Тоҷикистони азизи мо рашку таассубашон зиёдтар мегардад. Оё нафаре, ки дар ободии Ватани худ ҳеҷ гуна саҳм надорад, метавонад чунин андешаҳои ботилашро манзур намояд? Ҳаргиз!!!… Чунин хиёнаткорону сифлатабъонро на миллату Ватан ва на таърих мебахшад. Аз ин рӯ, ба онҳо мегӯем: “Эй кӯрдилони кӯрнамаки бе ватану хоин халқу миллати сарбаланди тоҷик зери роҳбарии пешвояшон дигар ба ягон васвасаҳои иблисонаи шумо дода нашуда, ин сарзамин ва марзу буми аҷдодиашонро ба ягон дороии дунёӣ нахоҳанд дод…”.
Ин бадандешон аз озодии шабакаҳои иҷтимоӣ сӯистифода мекунанд, ончунон бо ҳарфпардозиҳои “ширин” ва “нозукона”-ашон одат кардаанд, ки ҳатто гумон намекунанд рӯзе пардаи асрори дурӯғашон фош мешавад. Ҳаққо, ки онҳо ба гуфтаи Саъдӣ “лафзи ширин” ва “заҳр дар ангубин” доранд:
Бадандешро лафзи ширин мабин,
Ки мумкин бувад заҳрдарангубин.
Тавре ҳамагон шоҳидем, чанде пеш кормандони мақомоти интизомии кишвар бо таҳияи филм ва наворҳои мустанад нақшаву ҳадафҳои нопоки раёсати олии ҲНИ ва аъзои онро тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва матбуоти даврӣ ифшо карданд, ки ният доштанд ба якчанд иншооти муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона карда, даст ба табадулоти давлатӣ зананд. Вале, хушбахтона, аз ҷониби тамоми аҳолии кишвар ин амалҳои нопок ва ношуди онҳо маҳкум гардида, бо ташаббус ва ибтикори неруҳои қудратии мамлакат дар як фосилаи начандон зиёди вақт, худи А. Назарзода ва ҳайати ҳамроҳонаш несту нобуд карда шуданд.
Эй аблаҳони фитнагар! ба таваҷҷуҳатон мерасонем, ки тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми сентябри соли 2015 собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуд.
Илова бар ин, сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ, 29 январи соли 2016 дар мувофиқат бо Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, Ҳизби наҳзати исломиро таҳти рақами 79 ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид намуд. Дигар чӣ гуна асноду далел лозим бошад, ки эътимоди касифатонро мутмаин созад!
Аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе дастаҷамъона бар зидди кирдорҳои нопоки М. Кабирӣ ва ғояҳои ифротии ҲНИ ва дигар ҳамроҳонаш муборизаи беамон бурда, ҷавобан барои таҳкими сулҳу суботи пойдор, ҳимояи сохти Конститутсионии мамлакат, бо ҷонибдори аз сиёсати сулҳофару созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талоши ҳамешагӣ намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани кишварамон саҳми худро мегузоранд.
Намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии
ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе








Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид






