Алекен Еминбахэ ва ҳамроҳони ӯ аз Осорхонаи миллӣ дидан намуданд

Май 24, 2018 10:01

ДУШАНБЕ, 24.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва  муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитоии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Алекен Еминбахэ, ки дар ҷумҳурии мо бо сафари расмӣ қарор дорад,  аз  Маркази барқу гармдиҳии «Душанбе-2» ва мавзеъҳои зебоманзари  ноҳияи Варзоб дидан менамоянд.

Тавре аз Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  Алекен Еминбахэ ва ҳайати ҳамроҳонаш аз  Осорхонаи миллӣ  ва «Кохи Наврӯз» дидан намуданд.

 

Дар назар аст, ки  меҳмонон  пагоҳ аз   майдони  «Дӯстӣ»,  Боғи Устод Рӯдакӣ,  Маҷмааи Нишон ва Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намоянд.

Ёдовар мешавем, ки  23 май   Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитоии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Алекен Еминбахэ ва ҳамроҳони ӯ, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуд.

Май 24, 2018 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад