Ҷасади Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида мешавад

Май 4, 2018 17:16

ДУШАНБЕ, 04.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Раиси  шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷасади Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир дар оромгоҳи Лучоби пойтахт дафн карда мешавад.

Дар асоси қарори мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Т.Раҳимзода  ва директори Муассисаи давлатии «Раёсати оромгоҳҳо»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Р. Маҷидов муваззаф  гардидаанд, ки барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани маросими дафни Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир тадбирҳои  заруриро роҳандозӣ намоянд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе  Маҳмадсаид Зувайдзода вогузор карда шудааст.

Бояд тазаккур  дод, ки Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир 1 майи соли равон  баъди бемории тӯлонӣ дар Амрико дунёро падруд гуфт.

Май 4, 2018 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд