Ҷавонони фаъоли кишвар таҳти шиори «Пайравони Пешвои миллатем!» ба ноҳияи Ашти вилояти Суғд сафарбар шуданд

Май 18, 2018 15:21

ДУШАНБЕ, 18.05.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи  кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имрӯз, як гурӯҳ ҷавонони фаъоли кишвар, гирандагони стипендияи Президентӣ, волонтёрони фаъоли Кумита таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем!» ба  ноҳияи Ашти вилояти Суғд сафар намуданд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур хабар доданд, сафари мазкур дар доираи нақшаи «Меҳмониҳои ҷавонони Тоҷикистон» роҳандозӣ гардида истодааст. Мақсад аз сафар ин  омӯзиши расму оин, дӯстиву рафоқати ҷавонон, густариши ваҳдат ва истиқлолияти комили кишвар, боздид аз мавзеъҳои таърихию омӯзишии  ноҳия мебошад.

Меҳмонии мазкур бо усули «хона ба хона» роҳандозӣ гардида, ҷавонон дар хонаҳои мардуми ноҳияи Ашт муддати ду рӯз истиқомат мекунанд ва барои хеш оилаи наве пайдо менамоянд. Ин усул метавонад дар роҳи густариш ва нигоҳдошти ваҳдати комили миллӣ замина мусоид фароҳам оварад.

Бояд зикр намуд, ки муддати чанд сол аст меҳмониҳои мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоиягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии кишвар роҳандозӣ мегардад.

Май 18, 2018 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад