Ҷавонони фаъоли кишвар таҳти шиори «Пайравони Пешвои миллатем!» ба ноҳияи Ашти вилояти Суғд сафарбар шуданд
ДУШАНБЕ, 18.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имрӯз, як гурӯҳ ҷавонони фаъоли кишвар, гирандагони стипендияи Президентӣ, волонтёрони фаъоли Кумита таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем!» ба ноҳияи Ашти вилояти Суғд сафар намуданд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур хабар доданд, сафари мазкур дар доираи нақшаи «Меҳмониҳои ҷавонони Тоҷикистон» роҳандозӣ гардида истодааст. Мақсад аз сафар ин омӯзиши расму оин, дӯстиву рафоқати ҷавонон, густариши ваҳдат ва истиқлолияти комили кишвар, боздид аз мавзеъҳои таърихию омӯзишии ноҳия мебошад.
Меҳмонии мазкур бо усули «хона ба хона» роҳандозӣ гардида, ҷавонон дар хонаҳои мардуми ноҳияи Ашт муддати ду рӯз истиқомат мекунанд ва барои хеш оилаи наве пайдо менамоянд. Ин усул метавонад дар роҳи густариш ва нигоҳдошти ваҳдати комили миллӣ замина мусоид фароҳам оварад.
Бояд зикр намуд, ки муддати чанд сол аст меҳмониҳои мазкур аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоиягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии кишвар роҳандозӣ мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






