Ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйироту иловаҳо ворид карда мешаванд

Май 16, 2018 14:55

ДУШАНБЕ, 16.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он як зумра масъалаҳои ҳаётан муҳим баррасӣ ва муҳокима шуданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории иҷлосия хабар медиҳад, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии умумихалқӣ Бахтиёр Худоёрзода зикр кард, ки лоиҳаи санади мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мутобиқ намудани он ба тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шудаанд, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда тартиби нави пур кардани бюллетени овоздиҳӣ дар раъйпурсӣ, тартиби оғоз ва қатъ шудани муҳлати фаъолияти мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, тартиби эълон намудани натиҷаи пешакӣ ва ниҳоии раъйпурсиро мушаххас намуда, қабул шудани он ба такмил ёфтани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раъйпурсӣ, тартиби гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ мусоидат мекунад.

Муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдуғаффор Раҳмонзода дар идомаи муҳокима зикр кард, ки ба лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷиҳати такмили он 16 таклифу пешниҳодот ирсол шудааст, ки аз ин шумора 11 пешниҳод пурра ва 2 таклиф қисман қабул шуданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамчунин дар иҷлосияи навбатӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»-ро баррасӣ намуданд.

Масъалаи мазкурро директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъахон Давлатзода тавзеҳ дода, изҳор кард, ки санади мазкур ҷиҳати таъмини мувофиқати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба талаботи Конститутсия ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади такмили механизми эъломиякунонии даромадҳои шахсони мансабдори давлатӣ таҳия шудааст.

Тибқи лоиҳа, пешниҳод мегардад, ки шаҳрванд ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ ба ҷои маълумот оид ба андоз аз даромад ва вазъи молумулкӣ эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худро пешниҳод мекунад. Минбаъд эъломиякунандаи даромадҳо ва вазъи молумулкии довталабони мансабҳои давлатӣ, хизмати давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» анҷом дода мешавад. Низоми эъломиякунонии даромадҳо ва манфиатҳои шахсии хизматчиёни давлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонда шуда, заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия мустаҳкам ва дар ин самт мониторинги давлатӣ ҷорӣ карда мешавад.

Ҳамчунин бо қабул шудани қонуни мазкур ба корманд ҳангоми қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ кумакпулии яквақта ба андозаи на камтар аз маоши семоҳа дода мешавад. Қаблан чунин кумакпулӣ ба хизматчиёни давлатӣ дар ҳолати доштани собиқаи на камтар аз 15-солаи хизмати давлатӣ дода мешуд. Акнун мувофиқи тағйироти пешниҳодшуда, чунин кумакпулӣ новобаста аз собиқаи хизмати давлатӣ пардохт карда мешавад.

Вакилони Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаҳои баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Май 16, 2018 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси умумиҷаҳонии парламентӣ оид ба мубориза бо терроризм ва пешгирии ифротгароӣ иштирок намуд
Вакили Маҷлиси намояндагон: «Парлумони Тоҷикистон иштирокчии фаъол ва шарики муътамади Форуми осиёии ҳамкории парламентӣ мебошад»
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ҚУДРАТ ВА ИЛМУ ТАҲСИЛ. Андешаҳо оид ба бузургдошти забони давлатии Тоҷикистон
Дар Душанбе доир ба асосҳои қонунгузории гузариш ба рушди «сабз» ҳамоиш баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон дар Саммити минтақавии парлумонии кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Ҷаласаи якуми иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Ҷаласаи Комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Сенати Олий Мажлиси Узбекистон доир шуд
Имрӯз иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
1 октябр иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор гардид