«BIEN» («ХУБ») – ДАР ДУШАНБЕ! Ин супермаркети нави франсавӣ аст, ки дирӯз дар пойтахти Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 03.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нахустин супермаркети «Би1» дар шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Ҳамадонии маҳаллаи Испечак ба фаъолият оғоз намуд. Ояндаи наздик дар дигар маҳаллаҳои пойтахт ва ҷумҳурӣ низ шабакаҳои супермаркети «Би1» ифтитоҳ мегарданд. Супермаркети «Би1» (тарҷумааш аз франсавӣ Bien — «хуб») шабакаи иловагии чаканаи гипермаркети «Ашан» мебошад. Дар ин бора «АП» хабар медиҳад.
Дар маросими ифтитоҳи супермаркет Сафири Франсия дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар, директори генералии ширкати «Шивер Тоҷикистон» Ален Бартез ва дигарон ширкат варзиданд.
Шивер — ширкати франсавии оилавиест, ки соли 1871 таъсис ёфта, на танҳо дар Франсия, Полша ва Тоҷикистон шабакаҳои гипермаркети «Ашан», балки супермаркет ва мағозаҳоро зери бренди шахсии «Би1» дар Франсия ва Полша ифтитоҳ намуд. Акнун ин супермаркет дар Тоҷикистон ҳам ифтитоҳ ёфт.
Ален Бартез зимни маросими ифтитоҳи ин супермаркет иброз дошт, ки: «Мо хушҳолем, ки дар Тоҷикистон, дар маҳаллаи Испечаки шаҳри Душанбе бародари хурдии «Ашан» — «Би1» ифтитоҳ ёфт. «Би1» (BIEN), ки тарҷумааш аз франсавӣ «хуб» аст, шабакаи супермаркетҳоест, ки ба муштариён молу маҳсулоти босифатро бо нарҳҳои дастрас пешкаш менамояд. Ифтитоҳи супермаркети «Би1» гузоштани нахустин санги асоси фаъолияти тиҷоратӣ дар Душанбе ва тамоми манотиқи Тоҷикистон ба сифати шабакаи иловагии «Ашан» мебошад. Ин вусъатдиҳӣ мавқеи Шиверро дар Тоҷикистон ҳамчун сармоягузори пешқадами байналмилалӣ тақвият мебахшад».
«Се сол қабл дар шаҳри Душанбе аввалин супермаркети «Ашан» ифтитоҳ гардид, имрӯз бародари хурдии он «Би1» низ ба фаъолият оғоз намуд. Қариб 3 миллион франсавӣ дар хориҷа, аз ҷумла дар Тоҷикистон фаъолият доранд. Маро неруи рӯҳияи онҳо, кӯшишҳои пешбаранда ва муҳаббати онҳо ба ваҷҳ меорад. Он чи ки онҳо мекунанд барои рушди Тоҷикистон муҳим аст. «Би1» — нахустин сармояи ширкати Шивер дар иқтисодиёти Тоҷикистон аст. Сафорати Франсия муколама бо мақомоти Тоҷикистонро ҷиҳати ҷалби дигар сармоягузорон ба ин кишвар идома медиҳад», — зикр намуд Ясмин Гуедар.
Ясми Гуедар иброз дошт, ки Франсия ва Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори баробарии гендерианд ва аз ин хотир директори «Би1» зан, истиқоматкунандаи Тоҷикистон Нигинаи Дӯстмуҳаммад интихоб гардид. Нигина 9 сол дар «Ашан»-и Москва ва ду сол ба ҳайси менеҷер дар Душанбе фаъолият кардааст.
Нигина гуфт, ки ин таъйинот барояш ғайричашмдошт ва ҳамзамон масъулиятнок аст. Ӯ кӯшиш менамояд, ки ба боварии ширкат сазовор бошад.
Дар ин супермаркет номгӯи зиёди молу маҳсулот, аз қабили хӯрокворӣ, нӯшокиҳо, молҳои хонагӣ, матоъҳо ва ғайраҳо мавҷуданд. Ҳамаи он маҳсулот аксаран истеҳсоли ватанианд, инчунин молҳо аз Россия ва Полша низ ҳастанд. Нархҳо низ дастрасанд. То 9 май қариб барои ҳамаи маҳсулот тахфиф ҷорӣ шудааст.
















Шаҳри Душанбе сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» гардид
Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3 миллион бех лола шинонида мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Душанбе таъмини 3300 иншоот бо гармӣ дар назар дошта шудааст
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 214 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд
Дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ! Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешавад
Дар Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Клуби «Волонтёрони экологӣ» таъсис дода шуд
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳалқаи кӯчаи Дӯстии халқҳо пайваст ба кӯчаи Меҳнат муваққатан қатъ мегардад
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!». Озмуни шаҳрии шеър ва суруди беҳтарин оғоз мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар доираи ин хатсайр меҳмонони хориҷӣ бо таъриху суннатҳои ин ҷашни бостонӣ шинос шуданд






