Дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон роҳҳои барқарорсозии робитаҳои оилавиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 30.05.2018./АМИТ«Ховар»/. Масъалаҳои таълиму тарбияи фарзанд, зиндагии боз ҳам осудаи ҳар як оила ва ба анъанаи нек табдил ёфтани корҳои хайру савоб дар байни ҷомеа аз мавзӯъҳои меҳварие буданд, ки аввали моҳи равон дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, имрӯз дар партави ин мулоқот оид ба барномаи «Барқарорсозии робитаҳои оилавӣ» дар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) барои кормандони воситаҳои ахбори омма ҷамъомад баргузор гардид. Дар ҷамъомад дар бораи сабабҳои пош хӯрдани оилаҳо, барқарор намудани робитаҳои оилавӣ байни аъзои хонаводае, ки якдигарро гум кардаанд ва маслиҳатҳои мутахассис ба ин оилаҳо изҳори назар карда шуд.
Зимни ҷамъомад намояндагони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори омма мубодилаи афкор намуданд. Зикр гардид, ки яке аз самтҳои фаъолияти ҶҲАТ- ин кумак расонидан ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида мебошад.
«Тавре ҳамаи мо шоҳидем, боришоти зиёди рӯзҳои охир дар баъзе навоҳии мамлакат боиси хисороти зиёди молӣ гардиданд. То имрӯз мо аз 3 нафар раисони ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати расонидани кумак мактуб қабул намудем, ки имрӯз ба онҳо кумаки яквақтаина, аз қабили пӯшокӣ ва хайма ёрӣ расонида мешавад»,-иброз дошт роҳбари дастгоҳи ҷамъияти мазкур Назир Азимзода.
Номбурда дар хусуси пош хӯрдани оилаҳои ҷавон сухан карда, гуфт: «Солҳои охир ин масъала дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, барои пешгирии ин ҳолат корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва манъ кардани никоҳи хешутаборӣ аз ҷумлаи тадбирҳои роҳандозинамудаи ҳукумати мамлакат мебошанд, ки садди роҳи ҷудошавии оилаҳо мегарданд».
Зикр шуд, ки барномаи «Барқарорсозии робитаҳои оилавӣ» тайи чанд соли амали худ тавонист як зумра корҳои назаррас анҷом дода, миёни якчанд нафар узви хонавода, ки якдигарро гум карда буданд, дар ҳамкорӣ ба Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва шарикон робита барқарор намояд.
Ёдовар мешавем, ки ҷамъомади мазкур ба хотири ба воситаи намояндагони ВАО ба аҳолӣ расонидани иттилоот дар партави мулоқоти навбатии Сарвари давлат бо намояндагони ҷомеаи мамлакат дар доираи моҳвораи ин ҷамъият, ки тайи чанд соли охир аз 1 то 31 май гузаронида мешавад, баргузор гардид.










Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






