Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон вохӯрӣ баргузор гардид

Май 17, 2018 18:14

ДУШАНБЕ, 17.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида  ба  Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  вохӯрӣ ва таҳти унвони «Навои  дил» барномаи консертӣ баргузор гардид.

Тавре аз донишкадаи мазкур хабар доданд, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Хайриддин Идиев қабл аз оғози барномаи консертӣ, дар ҳузури устодону донишҷӯён ва намояндагони Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, нақши ҷавононро дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳим арзёбӣ кард. Тазаккур дод, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати дастгирии ҷавонон заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварда шуд. Дар ин давра дар самти дастгирии ҷавонон санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардида, самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шуданд.

Зикр гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз соли 1992 бо дарназардошти аҳамият ва зарурати ташаккули сиёсати ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намуд, ки ин иқдом нишонаи возеҳи таваҷҷуҳи махсуси давлат ба наврасону ҷавонон мебошад. Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар ҷавоб ба ғамхориҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари аз худ кардани донишҳои замонавӣ, дар мусобиқаву чорабиниҳои гуногуни фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявӣ низ фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Таъкид гардид, ки соли равон дар арафаи Рӯзи Модар Меҳрона Мансурова дар озмуни телевизионии «Васфи модар» сазовори ҷойи аввал гашта, бо даҳ ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуд.

Сармутахассиси шуъбаи байналмилалии Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Холмирзоева аз иқдомоту дастгириҳои доимии Ҳукумат нисбат ба ҷавонон ёдовар шуда, иброз дошт, ки имрӯз ҷавонон бо азму иродаи қавӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомӯзанд ва ба хотири ободиву пешрафти кишвари маҳбубамон фаъолона саъю талош менамоянд. Зикр  шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ҷавонони кишвар имкон пайдо намуданд,  ки дар донишгоҳу донишкадаҳои кишварҳои хориҷи дуру наздик низ таҳсил карда, баъди хатм ба Ватану миллат содиқона хизмат намоянд.

Дар вохӯрӣ, инчунин, перомуни дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, қонунияту тартибот тарбия намудани насли наврас, аз таъсири харобиовари зуҳуроти номатлуби замони муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, нашъамандӣ эмин нигоҳ доштани онҳо мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Баъд  аз  анҷоми вохӯрӣ барномаи рангини консертии донишҷӯёни бахши якуми шуъбаи мусиқӣ – созии факултети Санъати мусиқии мардумӣ таҳти унвони «Навои дил» баргузор гашт, ки дилнишин ва хотирмон буд.

Май 17, 2018 18:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст