Дар Душанбе амалиёти «Кӯкнор-2018» гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 19.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди пойтахт аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябри соли 2018 дар ду марҳила амалиёти «Кӯкнор-2018» гузаронида мешавад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, амалиёти мазкур бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳрӣ оид ба ошкору нобуд кардани растаниҳои нашъаовари худрӯй, тақвият бахшидан ба муборизаи зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар пойтахт гузаронида мешавад.
Тибқи қарори мазкур, Ситоди шаҳрӣ оид ба роҳбарӣ, назорату ҳамоҳангсозии фаъолият барои ташкил ва гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2018» таъсис ёфта, ҳамчунин Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе, шуъбаи дуюми Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидаанд, ки дар якҷоягӣ бо Ситоди шаҳрӣ нақшаи кори Ситодро бо мақсади ташкили ҳамкорию ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ таҳия намуда, гурӯҳҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро ҷиҳати муоинаи заминҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе таъсис диҳанд.
Дар қарори мазкур ҳамчунин омадааст, ки Ситоди шаҳрӣ аз натиҷаи фаъолият дар давраҳои якум ва дуюми амалиёт то 10 сентябр ва 10 декабри соли 2018 ба Раиси шаҳри Душанбе ва ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот ирсол намояд.








«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд






