Дар Душанбе дурнамои ИА оид ба пешгирӣ ва муқовимат бо ифротгароии хушунатомез дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он баррасӣ гардид

Май 3, 2018 16:26

ДУШАНБЕ, 03.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» вохӯрии иловагӣ барои баррасии дурнамои Иттиҳоди Аврупо оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди ифротгароии зӯровар дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он баргузор карда шуд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ ҳамоҳангсози Иттиҳоди Аврупо оид ба мубориза бо терроризм Жил де Кершов кушода, ба ҷониби Тоҷикистон барои шароит фароҳам овардан баҳри баргузории ҷунин ҳамоиши мубрам изҳори сипос намуд. Номбурда ташаббуси Тоҷикистонро дар самти пешгириву мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва таъмини суботу амният дар минтақа баланд арзёбӣ кард.

Ба андешаи ӯ, Осиёи Марказӣ ва минтақа айни замон ба душвориҳои ҷиддии амниятӣ дучор мешаванд, ки бояд ба таври фарогир, дар чорчӯбаи манфиатҳои минтақа ҳалли худро пайдо кунанд.

«Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шариконе, ки бо Афғонистони ноустувор ҳамсарҳаданд, инчунин масъулияти муҳими ҷилавгирии он мушкилотро ба ӯҳда доранд ва ба ҳамкории фаромарзӣ ва равобити ҳамаҷонибаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии он саҳмгузоранд. Иттиҳоди Аврупо кӯшиш мекунад, ки ба таври ҳамаҷониба ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат бо ифротгароии хушунатомез мусоидат намояд»,-илова намуд Жил де Кершов.

Мавриди зикр аст, ки терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ таҳдидҳои мубрам барои низоми амнияти минтақавӣ мебошанд. Рафъи ин таҳдидҳо андешидани чораҳои қатъӣ аз тарафи давлатҳо ва ҳамкории босамарро дар сатҳи байналмилалӣ тақозо менамояд.

Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушорикати Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Иттиҳоди Аврупо рӯзҳои 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд  таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез»-ро баргузор мекунад.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хорҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

То ба имрӯз 400 иштироккунанда аз 46 кишвари ҷаҳон ва 30 созмонҳои байнламилалӣ ва минтақавӣ, инчунин марказҳои илмиву тадқиқотӣ ҷиҳати иштирок дар ин чорабинӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Дар кори Конфронс роҳбарон ва намояндагони воломақоми  идораҳои сиёсати хориҷӣ ва дигар сохторҳои соҳавии Казоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон,  Венгрия, Швейтсария, Баҳрайн, Ҳиндустон, Арманистон, Россия, Хитой, ИМА, Испания, Германия, Чехия, Полша, Эстония, Канада, Белгия, Словакия, Шветсия, Британияи Кабир, Украина, Ҷумҳурии Корея, Япония, Индонезия, Эрон, Туркия, Афғонистон, Ироқ, Покистон, Қатар, Марокаш, Урдун, Кувайт, Умон, Алҷазоир,  Сурия, Либия ва дигар кишварҳо иштирок хоҳанд кард. Дар кори конфронс роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай, ИДМ, корпуси дипломатӣ ва шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ,  институтҳои тадқиқотӣ  ва дигарҳо низ иштирок менамоянд.

Ҳадафҳои Конфронси байналмилалӣ таҳкими ҳамкории мутақобила оид ба масоили муайян ва пешгирии амалиёти террористии фаромарзӣ, тавсеаи заминаи ҳуқуқӣ барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ барои муқовимат бо терроризм миёни кишварҳо, баррасии мушкилоти  ҷорӣ  дар ростои амалисозии чораҳои мубориза бар зидди терроризм, ҳамкорӣ дар самти муқовимат алайҳи  ҷиноятҳои кибернетикӣ мебошанд.

Конфронс ҷиҳати фароҳам овардани замина барои муколамаи фарогир ва ҳамкориҳои тарафҳои манфиатдор бо мақсади  табодули таҷриба ва таҳияи амалҳои дақиқ барои фаъолияти  минбаъди  муштараки ҳамоҳангшуда  дар чорчӯби мубориза ба таҳдиду хатарҳои муосир  хизмат хоҳад кард.

Май 3, 2018 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»