Дар Душанбе китобе нашр шуд, ки аз саргузашти чанд тан фидоии роҳи китоб қисса мекунад

Май 3, 2018 16:54

ДУШАНБЕ, 03.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар нашриёти «Ашӯриён»-и шаҳри Душанбе китоби тозанашри Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) бо номи «Саргузашти мисли зиндагӣ пурпеч» аз чоп баромад.

Китоби мазкур фарогири роман ва ҳикояҳо буда, бино ба таъбири муаллиф, китобест дар бораи китобҳо. Китобҳое, ки мисли инсонҳо ба дунё меоянд, бархеашон толеи пурсаъду пуршукӯҳ доранд, баъзеи дигарашон қисмати пуршӯру шаре.
«Саргузашти мисли зиндагӣ пурпеч» асосан фарогири мавзуоти қисмате аз китобҳо ва саргузашти чанд тан фидоии роҳи китоб мебошад. Инчунин, дар ин китоб 15 ҳикояҳои дилчаспу ҷолиб бо номи умумии «Дар кӯҳистони канора» ба ҳам оварда шудаанд, ки як нигоҳи наве ба саргузашти кишвари кӯҳистон ва мардуми он мебошад.

Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) 7 ноябри соли 1951 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна, соли 1995, шуъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, соли 1986 Мактаби олии синамогарони Москваро хатм кардааст. Дар Радиои Тоҷикистон, рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» кор кардаааст.

Шераки Ориён, ки бо ному тахаллусҳои Абдурофеъ Рабиев, А. Рабизода, Рофеъи Рабизод, Дарвеши Бохтарӣ, Сайид Муҳаммади Рофеъ ва ғ. эҷод кардааст, муаллифи 68 китоби банашррасида (58 китоб ба тоҷикӣ ва 10 китоб ба русӣ), сенарияи 40 филми ҳунарӣ буда, навиштаҳояш қариб ба чил забони дунё тарҷумаву чоп шудаанд. Филмҳояш дар кишварҳои зиёди олам ба намойиш гузошта, сазовори ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ гардидаанд.

Филмномаҳои ӯ «Марди мутааллиқи ду зан», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Афсонаи зиндагӣ», «Чор фасли умр» ва ғ. маъруфу машҳуранд. Филмномаҳои «Санги Сипар», «Амондара ва Сорбон», «Растагор», «Чилмеҳроб», «Хоки пайвандӣ», «Ғозӣ Ниёз» ва ғ. ба тасвири рӯзгори ибратбахши адибону ҳунармандони кишварамон ихтисос ёфтаанд.

Ҳамчунин, таҳиягар (режиссёр)-и як миқдор филмҳо, монанди «Помпейи Машриқзамин», «Чакомаи дарахт», «Асрори тоқиҳои Варорӯд», «Зиндагиномаи як инсон» ва ғ. мебошад.

Иддае аз нигоштаҳои ӯ ба китобҳои дарсии макотиби олии Русия («Этика ва эстетикаи ҳаёти оилавӣ»), кишварҳои аврупойӣ («Анатомияи садоқату муҳаббати инсонӣ) ва як қатор мамолики Шарқу Тоҷикистон («Эҷод чист? Эҷодгар кист?») ворид шудаанд.

Чанде аз китобҳояш дар нашрияҳои бонуфузи Русия, монанди «Молодая гвардия», «Советский писатель», «Художественная литература», «Госкино», маҷаллаҳои «Студенческий меридиан», «Работница», «Дружба», «Советская литература», «Литературная учёба» ва зиёда аз 30 китоби дастҷамъӣ чоп шудаанд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст.

Ба муносиабати 150-солагии шоири тавонои классик Нақибхони Туғрал китоби таҳқиқотие бо номи “Марги роҳбалад ва ё муаммои кушта шудани Туғрал” таълиф намудааст.

Май 3, 2018 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад