Дар Хатлон 33 нафар донишҷӯён соҳиби стипендияи раиси вилоят гардиданд
БОХТАР, 29.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтар ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, мудирони бахши кор бо ҷавонони шаҳру навоҳии вилоят, аъзои Шӯрои мазкур ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд. Кори ҷаласа таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ҷараён гирифт.
Мавсуф иброз дошт, ки дар вилоят давоми панҷ моҳи сипаришуда дар самти кор бо ҷавонон амалҳои зиёд ба сомон расонида шуданд. «Ҳар як иқдом вобаста ба ободонӣ ва пешрафти кор ҳамеша аз тарафи роҳбарияти вилоят дастгирӣ меёбад. Мо кӯшиш дорем, ки диққати ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ ва истифодаи технологияи муосир равона намоем, зеро ин амал ба манфиати онҳо буда, ба рушди иқтисоди кишвар низ мусоидат мекунад»,-баён дошт М. Хидирзода.
Дар ҷаласа ба як гурӯҳ ҷавонони фаъол Ифтихорномаи раиси вилоят тақдим гардида, ба 33 нафар донишҷӯён стипендияи раиси вилояти Хатлон супорида шуд.











Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






