Дар Исломобод доир ба Конфронси байналмилалии Душанбе «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» брифинг баргузор гардид

Май 18, 2018 08:50

ДУШАНБЕ, 18.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон доир ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, брифинг доир намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар брифинг сафирони як зумра давлатҳо, рӯзноманигорони доираи васеи матбуоти рақамӣ ва чопии Покистон, таҳлилгарони сиёсии марказҳои тадқиқотии кишвари муқим ва инчунин намояндагони Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (ҒNODC) ширкат намуданд.

Сафири Тоҷикистон дар Покистон Шералӣ Ҷононов роҷеъ ба ҳадафҳои баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» маълумот дода, мазмуни бандҳои асосии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин конфронс ва муқаррароти «Эъломияи Душанбе»-ро ба самъи ҳозирин расонид.

Зикр карда шуд, ки Конфронси Душанбе ҳамчун заминаи муҳим ҷиҳати ҳамкории созанда, муколамаи самарабахш, маркази ҷалби таваҷҷуҳи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, ки аҳамияти таҳкими абзорҳои ҳамкории бисёрҷонибаро ҷонибдорӣ менамоянд, баромад намуда, дар раванди таҳия ва пешбурди ташаббусҳои фарогир оид ба масъалаҳои мубрами таъмини амнияти минтақавию байналмилалӣ ва таҳкими сулҳ саҳми арзандае хоҳад гузошт.

Дар анҷоми брифинг Сафири Тоҷикистон Шералӣ Ҷононов ба саволҳои гуногуни хабарнигорону таҳлилгарон ҷавоб дода, бо Телевизиони давлатии Покистон (Pakistan Television Corporation)  мусоҳиба анҷом дод.

Май 18, 2018 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад