Дар назди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Шӯрои диссертатсионӣ таъсис ёфт

Май 21, 2018 13:54

ДУШАНБЕ, 21.05.2018  /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳаким Розиқзода  Шӯрои диссертатсионии 6 D. КОА-043 назди донишкадаи мазкур  рӯнамоӣ гардид.

Тавре аз  донишкадаи мазкур   ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласаи нахустини шӯро ректори  донишкада  Хайриддин Идиев зикр кард, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ, ба шарофати ғамхориҳои ҳамешагӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, ба вижа фарҳанги миллӣ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Фарҳанг, ки ҷавҳари ҳастии миллат арзёбӣ мешавад, дар ин давра рушди бесобиқа пайдо кард.

Номбурда  ҳамчунин  иброз дошт, ки Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода соли 1973 таъсис ёфта, дар тарбияи мутахассисони унвондори соҳа саҳми  намоён  гузоштааст. Аммо бинобар дар ҷумҳурӣ амал накардани шӯроҳои диссертатсионӣ дар риштаҳои фарҳанг ва санъат аввалин кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар аспирантураи муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Москваи Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил намуда, рисолаҳои худро ба забони русӣ дифоъ менамуданд. Баъди  соҳибистиқлол гаштани ҷумҳурӣ ҳарчанд шуъбаи аспирантура фаъолият дошта бошад ҳам, хатмкунандагони аспирантура бинобар набудани шӯроҳои диссертатсионӣ наметавонистанд рисолаҳои номзадии худро дифоъ намоянд. Як қисми онҳо маҷбур мешуданд, ки самти риштаи илмии худро вобаста ба мавҷудияти шӯроҳои диссертатсионӣ тағйир диҳанд, ки ин дар самти тайёр намудани кадрҳои илмӣ душвориҳоро ба бор меовард.

«Маҳз Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси Муассиссаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз 12 августи соли 2014  дар ҳаёти иҷтимоӣ-илмии мамлакат  ҳодисаи таърихӣ ва такондиҳанда  ба шумор меравад. Раёсати донишкада бо истиқбол аз ин иқдоми Пешвои  миллат барои ташкили пойгоҳи муқтадири илмӣ ва ба ҳамин васила тайёр намудани кадрҳои баландихтисосу унвондори риштаи фарҳанг ва санъат тадбирҳои муассир андешида, барои таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ дар назди ДДФСТ ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд»,- афзуд номбурда.

Хайриддин Идиев аз он  изҳори  қаноатмандӣ намуд, ки   ба шарофати таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ  акнун имкон пайдо шуд, ки дар баробари кадрҳои илмӣ — педагогии риштаҳои фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, инчунин, пажӯҳишгарони кишварҳои хориҷӣ дар Шӯрои диссертатсионии назди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ менамоянд.

Май 21, 2018 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад