Дар ноҳияи Панҷ бар асари боридани боронҳои шадид ду кӯдак ҳалок гардиданд
ДУШАНБЕ 17.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 16 майи соли равон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бар асари боридани боронҳои шадид ду кӯдак — яке 1-солаву 7 моҳа ва дигаре 4-сола ҳалок гардиданд.
Дар ин бора сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Умеда Юсуфӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, илова намуд, ки бар асари боришоти зиёд 4 ҷамоати ноҳияи Панҷ зарар дида, қисме аз заминҳои наздиҳавлигӣ зери обу лой мондаанд.
«Субҳи имрӯз аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҷаласаи изтирорӣ баргузор гардида, комиссияи махсус ташкил карда шуд, ки барои рафъи оқибатҳо дар ин минтақа фаъолият намуда истодааст», — гуфт номбурда.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 20 май ҳаво дар ҷумҳурӣ номусоид боқӣ мемонад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






