Дар шаҳри Гулистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини дзюдо байни мардон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 08.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади оммавигардонии варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш, пешгирии онҳо аз омилҳои номатлуб ва муайян намудани дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ 5-6 майи соли 2018 дар толори варзишии ҶДММ «Шоҳин»-и шаҳри Гулистони вилояти Суғд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини дзюдо байни мардон баргузор карда шуд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин мусобиқа дар доираи Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон-2018 ташкил гардида, дар он беш аз 50 нафар варзишгарони ҷумҳурӣ аз дастаҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияи Рашт ва ШНТМ аз рӯи 7 вазн рақобат карданд.
Дар натиҷа ғолибон ва ҷоизадорони Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2018 дар намуди дзюдо аз рӯи чунин вазнҳо муайян гардиданд:
Вазни 60 кг:
- Боқиев Сӯҳроб, Хатлон-1
- Суфиев Меҳрзод, Суғд
- Абдуллоев Иброҳим, Душанбе
- Аламов Сомон, ШНТМ
Вазни 66 кг:
- Ёқубҷон Боқиев, ВМКБ
- Хайрандеш Муродзода, Хатлон-2
- Муҳаммадраҷаб Ҳусейнзода, Суғд
- Парвиз Додов, Душанбе
Вазни 73 кг:
- Мирзоҷамил Рамазонов, Хатлон-1
- Ҷаҳонгир Шамоили, Хатлон-2
- Расул Саидов, Душанбе
- Сайёд Шайхов, ВМКБ
Вазни 81 кг:
- Акмал Муродов, Хатлон-1
- Кароматулло Ҳакимов, Душанбе
- Сабруллоҳ Ҳикматуллоев, ШНТМ
- Ҷаҳонгир Маҷидов, Хатлон-2
Вазни 90 кг:
- Комроншоҳ Устопириён, Суғд
- Ҳоҷимашраб Раҳмонов, Душанбе
- Умар Боқиев, Хатлон-1
- Бахтовар Розиқов, Рашт
Вазни 100 кг:
- Саидҷалол Саидов, Душанбе
- Фирдавс Насимов, Хатлон-2
- Абдулло Сафаров, Рашт
- Фарёд Шайхов, ВМКБ
Вазни +100 кг:
- Шакармамад Мирмамадов, ВМКБ
- Фаридун Умедов, Суғд
- Абубакр Раҳмонов, Душанбе
- Носир Шерхонов, Хатлон-1








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






