Дар шаҳри Норак чорабинии «Дастовардҳои Истиқлолият» доир шуд

Май 17, 2018 14:32

НОРАК, 17.05.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Китобхонаи ба номи Дӯстии халқҳои шаҳри Норак чорабинии идона таҳти унвони «Дастовардҳои Истиқлолият» бо иштироки омӯзгорону хонандагон, китобдорон, дӯстдорони китоб баргузор гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Норак Ҳабиба Сафарова ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар чорабинӣ намояндагони шуъбаю бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр, маориф, фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш иштирок намуданд.

 

Дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби наврасон намунаи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили гулдӯзию сӯзанӣ, попурӣ, зардӯзӣ, шероздӯзӣ, расмҳои манзараҳои табиати нотакрори диёр ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуданд. Ҳамчунин намоиши асарҳои тозанашр аз ҷониби китобдорон низ сурат гирифт.

Дар чорабинӣ хонандагону китобдорон бо қироати суруду шеърҳо дар васфи дониш, китоб, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Ватан, ваҳдату Истиқлолият хотири ҳозиронро шод намуданд. Пешниҳод гардидани саҳначаҳои тарбиявӣ дар бораи гиромидошти китоб бисёр хотирмон буд.

 

Май 17, 2018 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд