Дар шаҳри Вахдат озмуни «Бозори ҳунар» доир гардид
ВАҲДАТ, 02.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади эҳё ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба ҳунарҳои миллӣ ва тарғибу ташвиқи онҳо, васеъ ба роҳ мондани фаъолияти устохонаҳои ҳунармандӣ, ҳунаромӯзӣ ва ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба ҳунаромӯзию ҳунармандӣ ва муаррифии дастовардҳои ҳунармандон дар сатҳи ҷумҳурӣ, бо ҷалби тамоми ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо озмуни умумишаҳрии «Бозори ҳунар» баргузор гардид. Дар ин бора аз шуъбаи фарҳанги шаҳри Ваҳдат ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тавре мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Ваҳдат Эркамоҳ Мирзоева иброз намуд, тарбияи ҳисси хештаншиносӣ, зебоипарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ба наврасону ҷавонон шиносонидани ҳунарҳои аҷдодӣ, зинда гардонидани ҳунарҳои қадима ва ба ин васила эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, бунёди марказҳои алоҳидаи ҳунармандӣ ва ҷалбу муаррифии ҳунарҳои миллӣ ба меҳмонону сайёҳон, дарёфти чеҳраҳои нави ҳунарҳои миллӣ дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз вазифаҳои асосии озмун буданд.
Тибқи иттилои манбаъ, беҳтарин ҳунармандони шаҳр дар озмуни мазкур аз руйи шартҳои «Асбоби беҳтарин», «Ҳунари зебо ва бомаҳорат», «Устои ҷавонтарин», «Кадбонуи беҳтарин» ва «Беҳтарин ҷамоату шаҳрак, корхонаву муассиса» сазовори ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.










Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






