Дар шаҳри Вахдат озмуни «Бозори ҳунар» доир гардид

Май 2, 2018 09:51

ВАҲДАТ, 02.05.2018 /АМИТ  «Ховар»/. Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади эҳё ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба ҳунарҳои миллӣ ва тарғибу ташвиқи онҳо, васеъ ба роҳ мондани фаъолияти устохонаҳои ҳунармандӣ, ҳунаромӯзӣ ва ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба ҳунаромӯзию ҳунармандӣ ва муаррифии дастовардҳои ҳунармандон дар сатҳи ҷумҳурӣ, бо ҷалби тамоми ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо озмуни умумишаҳрии «Бозори ҳунар» баргузор гардид. Дар ин бора аз шуъбаи фарҳанги шаҳри Ваҳдат ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тавре мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Ваҳдат Эркамоҳ Мирзоева иброз намуд, тарбияи ҳисси хештаншиносӣ, зебоипарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ба наврасону ҷавонон шиносонидани ҳунарҳои аҷдодӣ, зинда гардонидани ҳунарҳои қадима ва ба ин васила эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, бунёди марказҳои алоҳидаи ҳунармандӣ ва ҷалбу муаррифии ҳунарҳои миллӣ ба меҳмонону сайёҳон, дарёфти чеҳраҳои нави ҳунарҳои миллӣ дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз вазифаҳои асосии озмун буданд.

Тибқи иттилои манбаъ, беҳтарин  ҳунармандони шаҳр дар озмуни мазкур аз руйи шартҳои «Асбоби беҳтарин», «Ҳунари зебо ва бомаҳорат», «Устои ҷавонтарин», «Кадбонуи беҳтарин» ва «Беҳтарин ҷамоату шаҳрак, корхонаву муассиса» сазовори ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

Май 2, 2018 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад