Дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба теннис баргузор мегарданд

Май 1, 2018 15:01

ДУШАНБЕ, 01.05.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 7 то 18 майи соли равон  дар шаҳри Душанбе ду мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис  «The 2nd Open Tennis Tournament of Tajikistan» (дуюмин мусобиқаи кушоди теннис дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва «The Cup of Tajikistan Tennis Federation» (Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон)  баргузор мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқаҳои мазкур, ки ба   Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бахшида мешаванд, бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи тенниси Тоҷикистон  доир мегарданд.

Дар ин мусобиқаҳои байналмилалӣ иштироки намояндагони беш аз 15 давлати хориҷӣ дар назар аст.

Май 1, 2018 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад