Дар Ҷумҳурии Беларус Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 15.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик дар Ҷумҳурии Беларус Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шаванд. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар изҳороти матбуотӣ зикр карда, аҳли фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Беларус даъват намуд.
«Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус ва Рӯзҳои кинои Беларус идома доранд ва соли оянда мо аҳли фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро интизор мешавем»,-гуфт Александр Лукашенко.
Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар идома иброз дошт, ки минбаъд ҳамкорӣ бояд дар соҳаҳои гуногуни фарҳанг, аз ҷумла дар соҳаи санъати кино таҳким ёбад.
Ёдовар мешавем, ки 14 май дар Хонаи кино Рӯзҳои кинои Беларус дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд.








Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд






