Дар вилояти Суғд то 30 апрел дар майдони беш аз 10 ҳазор га кишти картошка гузаронида шуд

Май 2, 2018 10:59

ХУҶАНД, 02.05.2018 /АМИТ «Ховар»/.  То 30 апрели соли равон дар миқёси вилояти Суғд дар майдони 10 ҳазору 605 га кишти картошка гузаронида шудааст, ки ин нишондод ба 72,9 дарсади нақшаи дурнамо баробар мебошад. Дар ин бора ба мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” аз Сарраёсати идораи кишоварзии вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, соли равон кишоварзони вилоят барои саҳм гузоштан дар фаровонгардонии бозори дохилӣ ва арзонгардии нархи маҳсулот азм гирифтаанд, ки дар майдони 14 ҳазору 550 га кишти картошкаро ба роҳ монанд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта  5615 га зиёд мебошад.

Дар умум, майдони бештари кишти картошка дар вилоят дар ноҳияҳои Деваштич (3200 га), Панҷакент (3000 га), Истаравшан (2500 га), Кӯҳистони Мастчоҳ (1600 га) ва Шаҳристон (1500 га) мебошад.

Май 2, 2018 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад