Дар вилояти Суғд то 30 апрел дар майдони беш аз 10 ҳазор га кишти картошка гузаронида шуд
ХУҶАНД, 02.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. То 30 апрели соли равон дар миқёси вилояти Суғд дар майдони 10 ҳазору 605 га кишти картошка гузаронида шудааст, ки ин нишондод ба 72,9 дарсади нақшаи дурнамо баробар мебошад. Дар ин бора ба мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” аз Сарраёсати идораи кишоварзии вилояти Суғд хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, соли равон кишоварзони вилоят барои саҳм гузоштан дар фаровонгардонии бозори дохилӣ ва арзонгардии нархи маҳсулот азм гирифтаанд, ки дар майдони 14 ҳазору 550 га кишти картошкаро ба роҳ монанд, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 5615 га зиёд мебошад.
Дар умум, майдони бештари кишти картошка дар вилоят дар ноҳияҳои Деваштич (3200 га), Панҷакент (3000 га), Истаравшан (2500 га), Кӯҳистони Мастчоҳ (1600 га) ва Шаҳристон (1500 га) мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






