Дар вилояти Суғд як зумра муассисаҳои фарҳангӣ бунёд ва таъмир мешаванд
ДУШАНБЕ, 17.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди соҳаи фарҳанг ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи мутахассисон «Барномаи сохтмон ва таъмиру тармими муассисаҳои фарҳангии вилояти Суғд барои солҳои 2018-2020» қабул гардида, дар доираи он як зумра муассисаҳои фарҳангӣ бунёд ва таъмир карда мешаванд. Дар робита ба ин қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд ба имзо расид.
Тавре аз маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори мазкур, Раёсати фарҳанги вилоят, Идораи сохтмони асосии вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ёдовар мешавем, ки айни замон дар вилоят 355 китобхона, 135 муассисаи клубӣ, 7 клуби сайёр, 94 қаср, кох ва хонаҳои фарҳанг, 16 осорхонаи шаҳриву ноҳиявӣ, 6 хона-музей, 2 маҷмааи фарҳангӣ, 1 маркази фарҳангӣ-фароғатӣ, 21 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 5 театри халқӣ, 7 театри касбӣ, 4 ансамбли тарона ва рақс, 2 филармонияи халқӣ, 29 мактаби бачагонаи санъат, мусиқӣ ва рассомӣ, 11 ансамбли «Шашмақом», 1 гурӯҳи ҳаҷвӣ, 5 ансамбли фолклорӣ-этнографӣ, 2 ансамбли «Фалак», 1 ансамбли дойранавозон ва 1 ансамбли карнайнавозон фаъолият мекунанд.








СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






