ДУШАНБЕ МЕШАВАД ҲАР РӮЗ ЗЕБОТАР! Таҷдиду рангубори намои биноҳо ба пойтахт шукӯҳи тоза мебахшад

Май 30, 2018 09:15

ДУШАНБЕ, 30.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе, ки  15 феврали соли 2017 баргузор гардида буд, таъкид доштанд, ки «шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии мамлакат ва ойинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик бояд ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шавад».

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, ки дар мулоқоти мазкур баён гардиданд, як зумра тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намуд.

Таҷдиду рангубори намои бинову иншооти дар кӯчаҳои протоколии пойтахт  ҷойгирбуда     аз ҷумлаи онҳост.

Доир  ба ҷараёни корҳои мазкур  хабарнигори АМИТ «Ховар» Рухсораи НУР бо чанд савол ба  муовини якуми Сарраёсати меъморӣ  ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Ҳусниддин САИДМУЪМИНОВ муроҷиат намуд.

«Ховар»: Ростӣ, баъди таҷдиду рангубори намои бинову иншооти кӯчаҳои протоколӣ симои пойтахт куллан дигаргун гаштааст. Акнун Душанбе боз ҳам зеботару дилработар ба назар мерасад. Амалишавии  ҳамин лоиҳаро   барои хонандагони сомонаи мо  каме шарҳ медодед.

 Ҳ. Саидмуминов:  Бояд зикр кард, ки  Президенти  мамлакат   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Душанбе  ва раисони ноҳияҳои шаҳр  19 июли соли 2017 аз  кӯчаву хиёбонҳои протоколии шаҳри Душанбе  дидан намуданд.  Сарвари давлат  зимни  боздид   вобаста ба ислоҳи  камбудиву норасоиҳои ҷойдошта дар кӯчаҳои мазкур  ба масъулин  дастуру супоришҳо доданд.

Дар асоси ҳамин дастуру супоришҳои Роҳбари давлат  қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи  таҷдиди намои берунаи биноҳо, воқеъ дар кӯчаи С.Айнӣ ва буриши хиёбони А.Рӯдакӣ то буриши  кӯчаи А.Дониши шаҳри Душанбе» ( КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вобаста гардидааст)   ва «Дар бораи  таҷдиди намои берунаи биноҳо, воқеъ дар кӯчаи А.Дониш  аз буриши кӯчаи М.Мастонгулов то буриши кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе»  (ҶСП «Фурудгоҳи байналмилалӣ»-и шаҳри Душанбе вобаста шудааст)   ба имзо расид.

Лоиҳаи таҷдиди намои биноҳои кӯчаҳои протоколӣ  аз ҷониби КВД  Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва  лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» омода гардид.

Алҳол таъмиру таҷдиди  намои  биноҳо дар  кӯчаҳои протоколӣ — хиёбони Рӯдакӣ,  кӯчаҳои С.Айнӣ ва А.Дониш   бомаром  идома    дорад.

«Ховар»: Тадбиқи лоиҳаи мазкур соли гузашта  сурат гирифта буд.  Миқдори  биноҳои  таҷдиду рангуборшуда соли гузашта чӣ қадар буд ва анҷоми он соли равон чӣ миқдор ба нақша гирифта  шудааст?

Ҳ. Саидмуминов: Бояд зикр кард, ки соли  гузашта   аз ҷониби   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бо ташаббус ва саҳми соҳибкорон дар  15 иншоот таъмиру     рангубори биноҳо ба анҷом расид. Корҳои рангубор дар қисмати  буриши кӯчаҳои С.Айнӣ ва Рӯдакӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Соли равон  корҳои таҷдиду  рангубор  дар  31 биною иншооти   хиёбонҳои  Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ ва кӯчаи С.Айнӣ ба нақша гирифта шудаанд.  Алҳол аз ин миқдор дар 13 адади ин иншоот  раванди кор оғоз гардида, бомаром ҷараён дорад.

Мақсад дорем то ҷашни 27 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  корҳои таҷдиду  рангуборро   дар  31 биною иншооти  банақшагирифта пурра ба анҷом расонем.

Таъкид намудан бамаврид аст, ки баъди  анҷоми ин  корҳо дар  хиёбону кӯчаҳои протоколӣ онро дар дигар қисмати пойтахт идома медиҳем. Аниқтараш, баъди анҷоми лоиҳаи мазкур корҳои таҷдиду  рангубор  дар  хиёбонҳои  А.Сино ва Н.Қарабоев идома меёбанд.

«Ховар»: Ҳангоми таҷдиду рангубори  биноҳои истиқоматии кӯчаву хиёбонҳои  протоколӣ аз   сокинони он  маблағ ситонида мешавад  ё не?

Ҳ. Саидмуминов: Барои анҷоми ин корҳо аз сокинони биноҳои зикршуда умуман маблағ талаб карда намешавад. Тавре  дар боло зикр кардем, ин лоиҳа аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкорону эҳсонкорон амалӣ мешавад.  Танҳо ҳангоми таҷдиду рангубори намои биноҳое, ки дар ошёнаҳои 1–уми онҳо мағозаву дигар марказҳои савдову хизматрасонӣ ҷойгиранд, соҳибкорон, яъне соҳибони ин марказҳо  ҷалб мешаванд. Онҳо танҳо дару тиреза ва шишаҳои  мағозаву марказҳои худро  ба лоиҳаи тасдиқшуда  мутобиқ сохта, харҷи онро аз ҳисоби худ ба анҷом мерасонанд. Бояд зикр кард, ки баръакс дар вақти таҷдиду рангубори чандин  биноҳо  мо ба сокинон барои иваз намудани тирезаҳои чӯбини фарсудаашон ба тирезаҳои замонавӣ кумак расонида, онҳоро аз ҳисоби маблағҳои пешбинишуда иваз намудем. Бо ин мақсад то имрӯз аз ягон нафар сокини биноҳои мазкур  ягон дирам талаб нашудааст.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Май 30, 2018 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Бо иштироки 2500 нафар кӯдакон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
«QR-РОҲНАМО». Шаҳри Душанбе ба марҳилаи нави сайёҳии рақамӣ қадам мегузорад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки 20 ҳазор нафар ҳамоиши идона доир шуд
Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
Таҷлили бошукуҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко ба «Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Душанбе» ташриф оварданд