Фирдавс Саидзода муовини Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид

Май 30, 2018 10:52

ДУШАНБЕ, 30.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Қурбон Тағай 24 майи соли равон аз мансаби ишғолнамудааш бо хоҳиши худ озод  гардид. Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами  Эмомалӣ аз 29  май ба ин мансаб  Саидзода Фирдавс Ҳамро  таъйин  шуд. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,    аз ин пеш Фирдавс Саидзода дар вазифаи  директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-и шаҳри Душанбе фаъолият дошт.

Бо қарори дигари Раиси шаҳр аз 29 май  Давлатов Ҷумахон Бегович муваққатан иҷрокунандаи вазифаи директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-и шаҳри Душанбе таъйин гардид.

Маълумотномаи АМИТ «Ховар»:

Муовини Раиси шаҳри Душанбе   Фирдавс Саидзода   9 июли соли 1971   дар  ноҳияи  Мир Саид  Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон  таваллуд шудасоли 1991 Донишгоҳи  техникии Тоҷикистон бо номи академик М.С.Осимиро  бо  ихтисоси  иқтисодиёт ва ташкили нақлиёти автомобилӣ  хатм намудааст. Номбурда  фаъолияти кориашро аз ҳамин ноҳия оғоз намуда, солҳои 1993-1995 дар вазифаи сардори шуъбаи нақлиётии Иттиҳодияи мусофиркашонӣ ва  солҳои 1995-1997 сардори шуъбаи Иттиҳодияи ҷумҳуриявии терминалҳои мусофиркашонии Вазорати  нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  идома додааст. Мавсуф солҳои минбаъда дар вазифаҳои сардори шуъбаи истифодаи Ҷамъияти саҳҳомии «Пассажиртранс»-и шаҳри Душанбе (с.1997-2000), муовини сардори Корхонаи воҳиди давлатии нақлиёти автомобилии мусофиркашонии №1-и шаҳри Душанбе (с.2000-2007), сардори Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии  «Троллейбус»-и шаҳри Душанбе (с. 2007-2008), директори Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии  «Автобус-1»-и шаҳри Душанбе (с. 2008-2013), директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» (с. 2013-2015), директори  Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед» (с. 2015-2017) ва  директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» (с. 2017-2018)   кор кардааст.

Май 30, 2018 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд