Футбол: дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар дастаи Қирғизистон бо ҳисоби 5 :1 ғалаба кард
ДУШАНБЕ, 31.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол аввалин бозии рафиқонаи худро дар доираи ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ дар шаҳри Бишкек баргузор намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, рақиби дастаи ҷавонони кишвар дар ин дидор дастаи мунтахаби ҷавонони то 21-солаи Қирғизистон гардид. Дидори мазкур дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек сурат гирифта, бо ғалабаи бузурги футболбозони тоҷик – 5 бар 1 ба анҷом расид. Голҳоро дар ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Шериддин Боев (3 гол ё хет-трик), Кароматулло Саидов ва Шаҳром Самиев ба ҳадаф расониданд.
Рӯзи шанбе, 2 июн дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек бо дастаи мунтахаби ҷавонони то 21-солаи Қирғизистон бозии рафиқонаи ҷавобӣ анҷом медиҳад.
Ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ дар Бишкек бо мақсади омода намудани дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2018, ки аз 18 октябр то 4 ноябр дар Индонезия баргузор мегардад, равона шудааст. Дар чемпионати Осиё дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Чин ва Малайзия қувваозмоӣ менамояд.
Дар натиҷаи даври гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ рақобатро барои медалҳо идома медиҳанд. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар сурати ба марҳилаи ¼-ниҳоӣ роҳ ёфтан бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «C» — Ветнам, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия ё Урдун бозӣ хоҳад кард.
Бозии рафиқона
Қирғизистон (U-21) – ТОҶИКИСТОН (U-19) – 1:5
Голҳои дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро Шериддин Бобоев (3), Кароматулло Саидов (ҷаримаи 11-метра), Шаҳром Самиев заданд.
Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Ҳусейн Нурматов (Дамир Азимов, 68), Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров (Наимҷон Иброҳимзода, 46), Оятулло Сафаров, Шервон Мабатшоев (Султоншо Мирзоев, 46), Шарафҷон Солеҳов, Эҳсони Панҷшанбе, Кароматулло Саидов (Саидмухтор Азимов, 46), Шаҳром Самиев (Аваз Камчинов, 46), Шериддин Бобоев (Абдулмумин Забиров, 46).
30 май. Бишкек. Варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов.








Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид






