Хонандагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи 6-уми байналмилалии HIPPO дар шаҳри Венетсияи Италия иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 16.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 13 майи соли равон дар шаҳри Венетсияи Ҷумҳурии Италия Олимпиадаи 6-уми байналмилалии HIPPO аз забони англисӣ доир гардид. Дар даври аввали олимпиада аз 30 давлати дунё 23 ҳазор довталаб ширкат варзида, ба даври ниҳоӣ 114 нафар роҳхат гирифтанд
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Тоҷикистонро дар даври ниҳоии олимпиада Дилноза Нуралиева — хонандаи синфи 5-и Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фариза Сатторова- хонандаи синфи 6-и мактаби хусусии «Гулчини маърифат»-и шаҳри Хуҷанд, Александр Читян — хонандаи синфи 8-и Мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе, Исматулло Раҳимов — хонандаи синфи 10-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе намояндагӣ намуда, барои ғолибият дар ду даври олимпиада бо медал ва ифтихорномаҳои фахрӣ сарфароз гардонида шуданд.
Хонандаи Мактаби байналмилалии Президентии шаҳри Душанбе Александр Читян дар даври ниҳоӣ сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра гардида, Парчами Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.
Бояд зикр намуд, ки ғолибони олимпиадаро 15 майи соли равон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ботантана пешвоз гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






