Иншооти варзишию фароғатӣ — туҳфаи Суди конститутсионӣ ва Суди Олии иқтисодӣ ба сокинони шаҳраки 14-и ноҳияи Синои пойтахт

Май 5, 2018 11:29

ДУШАНБЕ, 05.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз субҳ шодиву сурури сокинон, хусусан кӯдакону наврасони шаҳраки 14-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳадду канор надошт. Дар ин ҷо аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иншооти  варзишӣ  ва фарҳангию фароғатӣ сохта ба истифода дода шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар маросими ифтитоҳи иншооти варзишию фарҳангӣ кормандони масъули Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудзода, раиси Суди Олии иқтисодӣ Мавлуда Қаландарзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва сокинони шаҳраки 14-и пойтахт иштирок намуда,  бунёди иншооти варзиширо  идомаи пайгирӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод намуданд.

Иншооти мазкур, ки дар масоҳати 3453,7 метри  мураббаъ  бунёд гардидааст, аз майдончаи умумӣ барои бозиҳои  футбол, волейбол ва баскетбол, майдончаи бозию дилхушии кӯдакон, гӯшаи машқу тамрини бадан, ки бо тамоми дастгоҳу лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, инчунин аз таваққуфгоҳ  иборат мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳудуд ва атрофи  майдонча сабзу хуррам гардонида шуда,  дар ду ҷониб ва ҳудуди иншоот нишасткурсиҳо ва ду адад айвон-суҳбатгоҳҳо насб гардидаанд. Ҳамзамон дар доираи  корҳои кабудизоркунӣ дар атрофи иншоот ва ҳудуди он дарахтони сояафкан, гулу буттаҳои ороишӣ  шинонида шудаанд, ки ин мавзеъро боз  ҳам назарработар гардонидаанд.

Сокинони  шаҳраки 14, ки дар он биноҳои  истиқоматии 6/2, 6/3, 36 ва 38 воқеъ мебошанд, иқдоми Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии кишварро дар мавриди бунёди иншооти варзишию фарҳангӣ самараи неки таваҷҷуҳу ғамхориҳои  Роҳбарияти олии мамлакат ба кӯдакону наврасон ва ҷавонон, ки ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста аст, арзёбӣ намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки  имрӯзҳо дар дигар маҳаллаҳои пойтахт  бунёди чунин майдончаҳои варзишию  фароғатӣ идома дошта, он ифодагари сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе унвон мегардад.

                                                                              Марзия САИД,

                                                                              Тоҳир САИД,

                                                                              АМИТ «Ховар»

Май 5, 2018 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд