Китобу аксҳои бозгӯкунандаи таърихи пурғановати халқи тоҷик дар Қазоқистон ба намоиш гузошта шуданд

Май 26, 2018 11:23

ДУШАНБЕ, 26.05.2018. /АМИТ «Ховар»/.  «Таърихи пойтахтҳои ҷаҳон»-таҳти чунин унвон    21-22-юми майи соли 2018 дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон бахшида ба 20-солагии шаҳри Остона намоиши байналмилалӣ баргузор гардид.  Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши байналмилалӣ директори  Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода муаррифӣ кард.

Тавре аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин чорабинии сатҳи баланд бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон ва Китобхонаи миллии академии Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардида, дар он директорони зиёда аз 15 китобхонаи ҷаҳон, аз ҷумла директори  Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода иштирок ва дар мавзӯи «Самтҳои асосии фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон: тамоюл ва ташаккул» маърӯза намуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон китобу аксҳои бозгӯкунандаи таърихи пурғановати халқи тоҷик ва муносибати дӯстию бародарии тоҷику қазоқ ба намоиш гузошта шуд, ки аз ҷониби иштирокдорон хеле хуб пазироӣ гардиданд.

Май 26, 2018 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд