Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бо қабули Эъломияи Душанбе кори худро ҷамъбаст намуд
ДУШАНБЕ, 04.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» баъд аз баррасӣ ва муҳокимаи мавзӯъҳои муҳим бо қабули Эъломияи Душанбе ба кори худ хотима бахшид.
Зимни муҳокима ва қабули Эъломияи Душанбе муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов мулоҳизаҳои худро баён карданд. Таъкид гардид, ки ташаббуси навбатии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Конфронси имрӯза шаҳодат аз он медиҳад, ки Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм, пешгирии хатарҳо ва таъмини амният дар ҳамаи сатҳҳо ҳамеша омода мебошад.
Баъди қабули Эъломияи Душанбе оид ба натиҷаҳои кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд барои доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ изҳороти матбуотӣ дода шуд.
Хотиррасон мешавем, ки дар кори конфронс ҳайати роҳбарикунанда ва намояндагони воломақоми Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷӣ, ҳамчунин роҳбарони ҳайатҳо аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Венгрия, Шоҳигарии Баҳрайн, Давлати Ливия, Афғонистон, Туркманистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Арманистон, Салтанати Умон, Давлати Кувайт, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нутқи пурмуҳтаво дар Конфронси байналмилалии «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки таҳия, татбиқи пешниҳодҳо ва тавсияҳои муштарак дар конфронси имрӯза баҳри аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб мувофиқи мақсад аст.
Акрам САНГЗОДА,
Тоҳир САИД,
хабарнигорони АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






