Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: «Ҳушдории мақомотро набояд сарфи назар кард»
ДУШАНБЕ, 28.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ сокинон ва меҳмонони мамлакатро огоҳ менамояд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гашта, боридани боронҳои шадид ва жола дар назар аст. Дар натиҷаи ин боришот сатҳи оби рӯдхонаҳо баланд гашта, эҳтимоли омадани сел дар минтақаҳои наздик ба дарёҳо мавҷуд аст. Дар ин бора сухангӯи Кумитаи мазкур Умеда Юсуфӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Номбурда таъкид намуд, ки шаҳрвандону меҳмонони ҷумҳурӣ набояд ҳушдори мақомотро сарфи назар карда, ҷони худро дар хатар гузоранд.
«Онҳо бояд дар ин рӯз аз моҳидориву оббозӣ дар дарёҳову кӯлҳо худдорӣ намоянд. Ҳамчунин ба кӯҳҳо рафтан ва ҷамъоварии занбӯруғу дигар рустаниҳо, чаронидани чорво дар саҳро ва доманакӯҳҳо хатарнок аст», — афзуд У.Юсуфӣ.
Ёдовар мешавем, ки дар пайи боронгариҳои шадиди моҳи май ва омадани сел дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ чандин манзилҳои зист, заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишт зери обу лой монданд. Бар асари ин офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ 7 нафар, аз ҷумла, 5 кӯдак ҷони худро аз даст доданд.
Айни замон Комиссияе, ки аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ташкил шудааст, зарарҳои аз ин офатҳои табиӣ расидаро ҳисоб мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






