Мақомоти олии назорати молиявии Тоҷикистону Қирғизистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 01.05.2018 /АМИТ «Ховар/. Интизор меравад, ки дар оянда байни мақомоти олии назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон Созишномаи ҳамкорӣ таҳия ва ба имзо расонида шавад. Матлаби мазкур дар мулоқоти сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Аҳмадзода бо Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Қирғизистон Улукбек Марипов дар Бишкек матраҳ гардид.
Тавре аз Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вохӯрии сараудитори Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ бо Раиси Палатаи ҳисоби Қирғизистон зимни сафари омӯзишии як гурӯҳи кормандони Палатаи ҳисоби мамлакат ба Қирғизистон сурат гирифт. Зимни мулоқот Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Қирғизистон Улукбек Марипов изҳор дошт, ки мақоми олии аудити Ҷумҳурии Қирғизистон омодаи ҳамкории мутақобилан судманд бо Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки он метавонад дар рушди соҳа ва тақвияти касбии кормандони мақомоти олии назорати молиявии ҳарду кишвар мусоидат намояд. Ҳамзамон Улукбек Марипов роҳбарияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вохӯрии Шӯрои роҳбарони мақоми олии аудити давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки моҳи июли соли равон дар Бишкек доир мегардад, даъват намуд.
Ҳамчунин дар ҷараёни сафар ба Қирғизистон гурӯҳи кормандони Палати ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машғулиятҳои омӯзишӣ, ки дар мавзӯъҳои баҳодиҳии натиҷаҳои иҷроиши барномаҳои давлатӣ, баҳодиҳии натиҷаҳои иҷроиши босамар ва татбиқи Лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аудити бахши давлатӣ, робитаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Қирғизистон бо дигар мақомот дар самти аудити давлатӣ, идоракунии манбаи инсонии мақоми олии аудит, марҳалаҳои рушди методологияи аудит, аудити ҳисоботҳои молиявӣ, аудити мутобиқат ва самаранокӣ гузаронида шуд, иштирок намуданд.
Инчунин, ҳайати кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зерсохтори минтақавии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилоятҳои Чуйю Талас, Иссиқкулу Норин дидан намуданд.
Ҳадафи сафари гурӯҳи кормандони Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ ба Қирғизистон омӯзиши таҷрибаи мақомоти олии аудити Қирғизистон арзёбӣ мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






