Маркази миллии тестӣ барои кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ семинари омӯзишӣ мегузаронад

Май 29, 2018 14:10

ДУШАНБЕ, 29.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 май то 9 июни соли равон дар доираи корҳои омодагӣ барои гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2018  семинарҳои омӯзиширо барои кормандони муваққатӣ: роҳбар ва ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ, маъмур ва маъмури калони имтиҳон, бақайдгирандаи маркази имтиҳонӣ оғоз кард.

Тавре аз хадамоти матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, семинари омӯзишӣ  дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Тибқи эълон дар марҳилаи 1-ум 3928 нафар хоҳишманд ҳуҷҷат супорида, дар марҳилаи 2-юм аз тарафи шуъбаи кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда санҷида шуда, ҳуҷҷатҳои 2984 нафар хоҳишманд, ки ба талаботи дар эълон зикршуда мувофиқат карда буд, интихоб карда шуд. Дар марҳилаи 3-юм шуъбаи ташкил ва идораи имтиҳон ин ҳуҷҷатҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, 2567 нафар довталаби барои кор ариза пешниҳодкардаро барои ширкат дар семинар-машварат иҷозат дод.

31 нафар тренер ва 21 нафар корманди доимии Марказ шунавандагони семинарро ба панҷ гурӯҳи вазифаҳо тақсим карданд: 1) роҳбари маркази имтиҳонӣ, 2) ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ, 3) маъмури калони имтиҳон, 4) маъмури имтиҳон, 5) бақайдгирандаи маркази имтиҳонӣ.

Ҳайати гурӯҳи корӣ пас аз ду рӯзи дарсӣ ба шунавандагон дар асоси дарсҳои омӯхтаашон (бо такя ба барнома, модули омӯзишӣ ва маводи иловагии ёрирасон) саволномаҳо пешниҳод карда, донишу маҳорати шунавандагонро дар асоси талаботу принсипҳои муқарраршуда арзёбӣ карда, аз байни онҳо 2000 нафарро тибқи вазифаҳои номбурда интихоб ва ба кори муваққатӣ дар Марказ ҷалб мекунанд.

Тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 48 маркази имтиҳонӣ ташкил карда мешаванд. Фаъолияти марказҳои имтиҳонӣ аз 1 июл оғоз мегардад ва кормандони интихобшуда дар ин марказҳо фаъолият хоҳанд кард.

 

Май 29, 2018 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ маркази савдои муосир ба истифода дода шуд
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд