Маркази миллии тестӣ дар чор минтақаи ҷумҳурӣ маъмурони имтиҳонӣ омода мекунад
ДУШАНБЕ, 15.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2018-2019, бо мақсади омода намудани маъмурони имтиҳонӣ дар 4 минтақаи ҷумҳурӣ – шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар ва Хуҷанд бо шумораи 65 нафар иштирокдор давраи 1-уми семинар-машварати омӯзишӣ барои омода кардани кормандони муваққатӣ ҷиҳати гузаронидани ИМД-2018 баргузор мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, семинар-машварат аз 15 то 16 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе барои намояндагони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз 18 то 19 май дар шаҳри Хуҷанд барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, дар шаҳри Кӯлоб барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва дар шаҳри Бохтар барои намояндагони шаҳру ноҳияҳои водии Вахши вилояти Хатлон баргузор мешавад.
Гуфта мешавад, ки ҳайати гурӯҳи корӣ барои ташкил ва баргузории семинар-машварати омӯзишӣ барнома, модули омӯзишӣ ва маводи иловагии ёрирасонро омода намудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






