Мирзо Исмоилзода президенти Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 01.05.2018./АМИТ «Ховар»/. Мирзо Исмоилзода, раиси Ширкати саҳҳомию ҳолдингии кушодаи “Барқи тоҷик”, президенти Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯро ба ин вазифа дар ҷаласаи пленуми федератсияи мазкур, ки рӯзи 28-уми апрел дар шаҳри Душанбе доир шуд, интихоб карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпипи Тоҷикистон хабар доданд.
Мирзо Исмоилзода, ки 11-уми марти соли 1967 таваллуд шудааст ва аз соли 2015 инҷониб раиси Ширкати кушодаи саҳҳомию ҳолдингии “Барқи тоҷик” мебошад.
Хотиррасон менамоем, ки тенниси рӯи миз дар Тоҷикистон кайҳо боз мухлисон ва шавқмандони зиёд дорад. Солҳои пеш донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Инна Коваленко дар ҳайти дастаи Тоҷикистон чемпионкаи мутлақи СССР ва соли 1982 дар ҳайти дастаи мунтахаби СССР чемпионкаи Европа шуда буд.
Ба рушди тенниси рӯи миз ҳамчун намуди олимпии варзиш имрӯз низ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, бахусус дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Ҳисор ва ғайра таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи миз солҳои тӯлонист, ки аз ҳисоби варзишгарони ин шаҳрҳо таркиб меёбанд.
Зулфинисо Саидолимова, Сумаяи Амирӣ, Азиза Қориева, Азиза Раҷабова, Зарина Шарифова, Ганҷина Раҷабова, Инъом Саидов, Авзал Маҳмудов, Миряҳё Яҳёев, Убайдулло Султонов, Сомони Ҳусейн, Шӯҳрат Муқимов ва дигарон теннисбозони моҳири кишвар маҳсуб мешаванд.
Роҳбари нави Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон ният дорад, ки бо гузаронидани мусобиқоти дохили кишвар истеъдодҳои навро аз байни варзишгарони тоҷик дарёфт намуда, ба ҳайати дастаҳои мунтахаб дохил кунанд ва онҳоро барои ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ сафарбар намоянд. Зеро теннисбозони тоҷик танҳо дар мавриди рақобат бо варзишгарони хориҷӣ дар мусобиқоти байналмилалӣ таҷоруби хуби бозӣ касб мекунанд.
Тенниси рӯи миз яке аз намудҳои шавқовару дӯстдоштаи наврасону ҷавонони тоҷик ба шумор меравад. Бинобар ин, бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи боғҳои фарҳангу фароғатӣ гӯшаҳои махсуси тенниси рӯи миз сохта мешаванд, ки барои оммавӣ гардидани ин намуди варзиш дар ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.
Тавре медонем, моҳи сентябри соли 2014 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Майдони нави тенниси рӯи мизро ифтитоҳ намуданд ва ба шахсони масъул дастур доданд, ки ин майдони варзишии замонавиро барои гузарондани мусобиқоти гуногуни сатҳи ҷумҳуриявию байнгалмилалӣ истифода баранд. Ҳамчун дӯстдори ин навъи варзиш Сарвари давлат тавсия доданд, ки ин намуди зебои олимпӣ дар мамлакат, махсусан байни ҷавонону наврасон рушд дода шавад. Ҳоло ҳамасола дар моҳи сентябр дар ин ҷо Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба тенниси рӯи миз барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон доир карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки ин Муҷтамаи замонавии варзишӣ аз ҳисоби маблағҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бунёд ёфта, аз се майдончаи теннис ва 2,6 ҳазор ҷои нишасти тамошобинон иборат аст ва дар 2,5 ҳазор метрии мураббаъ доман паҳн кардааст.










ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад






