МИРЗО ТУРСУНЗОДА – ВАССОФИ СУЛҲУ ДӮСТӢ. Дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши адабию фарҳангӣ доир гардид

Май 2, 2018 15:01

ТУРСУНЗОДА, 02.05.2018 /АМИТ Ховар”/. Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба 107 – солагии зодрӯзи бузургтарин сарояндаи сулҳу амонӣ, номдортарин шоири қарни XX, ходими намоёни ҷамъиятию сиёсӣ устод Мирзо Турсунзода ҳамоиши калони адабию фарҳангӣ доир гардид.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медихад, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода, адибон Аскар Ҳаким, Алӣ Бобоҷон, Ато Ҳамдам, Рустами Ваҳҳоб, Латофат Кенҷаева, Маҳбуба Неъматзода ва дигарон дар пояи муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода гулчамбар гузоштанд.

Мавриди зикр аст, ки ин чорабинӣ ба 40-солагии номгузории шаҳр ба номи Мирзо Турсунзода рост омад.

Дар саҳни бинои «Кохи Дӯстӣ» маҳсули дастони муъҷизаофари хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр ба намоиш гузошта шуд. Меҳмонон аз тамошои маҳсули дастони наврасону кӯдакон, аз қабили дӯзандагӣ, наҷҷорӣ, рассомӣ, ихтироъкорӣ, кӯлолгарӣ ва ғайраҳо таассуроти нек бардоштанд.

Барномаи консертии идонаи ҳунармандони шаҳр бахшида ба ҷашни шоири бузург шавқовару хотирмон ва ҷолиби таваҷҷуҳ буд.

 

Май 2, 2018 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад