МИРЗО ТУРСУНЗОДА – ВАССОФИ СУЛҲУ ДӮСТӢ. Дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши адабию фарҳангӣ доир гардид
ТУРСУНЗОДА, 02.05.2018 /АМИТ “Ховар”/. Дар шаҳри Турсунзода бахшида ба 107 – солагии зодрӯзи бузургтарин сарояндаи сулҳу амонӣ, номдортарин шоири қарни XX, ходими намоёни ҷамъиятию сиёсӣ устод Мирзо Турсунзода ҳамоиши калони адабию фарҳангӣ доир гардид.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медихад, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода, адибон Аскар Ҳаким, Алӣ Бобоҷон, Ато Ҳамдам, Рустами Ваҳҳоб, Латофат Кенҷаева, Маҳбуба Неъматзода ва дигарон дар пояи муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода гулчамбар гузоштанд.
Мавриди зикр аст, ки ин чорабинӣ ба 40-солагии номгузории шаҳр ба номи Мирзо Турсунзода рост омад.
Дар саҳни бинои «Кохи Дӯстӣ» маҳсули дастони муъҷизаофари хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр ба намоиш гузошта шуд. Меҳмонон аз тамошои маҳсули дастони наврасону кӯдакон, аз қабили дӯзандагӣ, наҷҷорӣ, рассомӣ, ихтироъкорӣ, кӯлолгарӣ ва ғайраҳо таассуроти нек бардоштанд.
Барномаи консертии идонаи ҳунармандони шаҳр бахшида ба ҷашни шоири бузург шавқовару хотирмон ва ҷолиби таваҷҷуҳ буд.











Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






