Миёни кормандони вазорату идораҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» мусобиқаи футболи хурд доир мешавад

Май 4, 2018 10:15

ДУШАНЕБЕ, 04.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» аз 6 май то  27 июни соли равон  байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо мусобиқаи кушоди  варзишӣ оид ба футболи хурд гузаронида мешавад. Дар ин росто, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарори марбута ба тасвиб расонд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳадаф аз баргузории мусобиқаи кушоди варзишӣ ташвиқу тарғиб ва рушду варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ мебошад. Майдончаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон макони баргузории мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд муайян карда шудаанд.

“Ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани мусобиқаи варзишӣ дар асоси қарори  Раиси шаҳри Душанбе кумитаи тадорукот таъсис дода шуда, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланд доир намудани мусобиқаи футболи хурд ба суратҳисоби махсуси дастгоҳи Раиси шаҳри  Душанбе 50 ҳазор сомонӣ ҷудо намояд”, — омадааст дар хабари манбаъ.

Ҳамчунин ба муовини соҳавии Раиси шаҳр дастур дода шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои марбута барои ҷалби дастаҳои футболи кормандони вазорату идораҳо тадбирҳои зарурӣ андешад. Инчунин тибқи  ин қарор, Раёсатҳои  Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, амният ва тандурустӣ вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амниятӣ шаҳрвандон ва хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои  зарурӣ андешанд.

 

Май 4, 2018 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд