«МО КӮДАКОНИ ХУШБАХТЕМ!». Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барномаи фарҳангию фароғатӣ доир мегардад

Май 31, 2018 12:00

ДУШАНБЕ, 31.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи   нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  1 июн ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон   дар Муассисаи давлатии  «Аҳорун» барномаи идонаи фарҳангиву фароғатӣ таҳти унвони «Кӯдакон дунёи моянд»  баргузор  мегардад. Ҳамчунин дар майдони атрофи Муассисаи  мазкур  ташкили намоиши ҳунару эҷод, мусаввараҳои беҳтарин ва дастовардҳои кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе таҳти унвони “Душанбе — шаҳри орзуҳо”  ва озмуни расмкашӣ  “Мо кӯдакони хушбахтем!”  дар назар дошта шудааст.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,    барномаҳои мазкур дар ҳамин макон ҷамъбаст гардида, ғолибон  бо туҳфаҳои мақомот сарфароз мегарданд.

«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ҷиҳати таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакони пойтахт, хусусан кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷои кор ва беҳтар намудани вазъи моддӣ ва таъмини зиндагии шоистаи онҳо тамоми имкониятҳоро истифода мебарад. Имсол низ тибқи нақшаи тасдиқгардида ҷиҳати  таҷлили бошукӯҳи ин рӯз  барои  тарбиятгирандагони ҳамаи мактаб -интернатҳо ва хонаи кӯдакони пойтахт дастурхони идона ороста, барномаҳои ҷолибу рангини фарҳангию фароғатӣ   пешниҳод мегардад. Аз ҷониби   масъулин  ба ҳар яки  онҳо туҳфаҳои  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  тақдим мегарданд», — афзуд манбаъ.

Иттилоъ дода шуд, ки масъулин вазифадор гардидаанд, ки  дар тамоми муассисаҳои таълимии пойтахт Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро бо баргузории барномаҳои ҷолиби фарҳангию фароғатӣ таҷлил намоянд.

Ҳамчунин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   бахшида ба таҷлили ин рӯз  пахши маводи  таблиғотӣ, рекламаҳои  иҷтимоӣ   вобаста  ба ҳаёти кӯдакону  наврасон ба воситаи   таблоҳои  электронии    шаҳри Душанбе  ва таҳияи  барномаҳои телевизионию радиоӣ ва мақолаҳо   дар мавзӯъҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва пешгирии ҷинояткорӣ дар байни  онҳоро ба нақша гирифтааст.

Май 31, 2018 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад