Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи «Истиқлол»: «Мо танҳо барои ғалаба ба майдон мебароем»

Май 16, 2018 15:25

ДУШАНБЕ, 16.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Мо дар бораи он, ки мусовӣ ҳам моро қаноатманд мекунад, фикр накарда, танҳо барои ғалаба ба майдон мебароем», — ин нуктаро дирӯз зимни нишасти хабарӣ Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе тазаккур дод.

Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 18:00 бозии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Алтин Асир»-и Туркманистон баргузор мешавад.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, қабл аз бозӣ, 15 май дар шаҳри Душанбе бо иштироки сармураббиён ва бозигарони ҳарду даста нишасти хабарӣ баргузор шуд.  Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи «Истиқлол» доир ба омодагии хуби бозигаронаш ва таассуроташ аз бозии қаблӣ бо «Алтин Асир» чунин иброзӣ андеша намуд: «Дар даври дуюм, вақте ки мо дар сафар бозиро бо дастаи «Алтин Асир» бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 анҷом додем, гуфтам, ки ҳама чиз дар даври ниҳоӣ дар Душанбе ҳал мешавад. Ин пешгӯиям рост баромад. Мо ба бозӣ бо дастаи футболи «Алтин Асир» бисёр омодагии ҷиддӣ дидем. Барои аз гурӯҳ баромадан як қадам мондааст, қадами муҳим ва душвор. Мо тамоми кӯшишамонро барои аз гурӯҳ баромадан сафарбар хоҳем кард».

Ҳамчунин дар идома М. Муҳаммадиев баён дошт, ки аз ҳама муҳим пеш аз бозӣ бо дастаи футболи «Алтин Асир» ҳамаи бозигарон дар ҳолати омодабош қарор доранд ва ба рақобат бо хоҳиши зиёд тайёрӣ мебинанд. «Дастаи футболи  «Алтин Асир» ҳарифи анъанавии мост. Онҳо дастаи моро хуб медонанд, мо низ онҳоро хуб медонем, — афзуд сармураббии дастаи «Истиқлол». Мо дар бораи он, ки мусовӣ ҳам моро қаноатманд мекунад, фикр накарда, танҳо барои ғалаба ба майдон мебароем».

Дар навбати худ Язгулӣ Хоҷагелдиев, сармураббии дастаи футболи «Алтин Асир» изҳор намуд, ки дастааш дар бозӣ ба муқобили «Истиқлол» барои бохти порсола интиқом мегирад. Ӯ ҳамчунин аз доштани имконияти аз гурӯҳ баромадан ба даври навбатӣ изҳори хушҳолӣ намуд. Аз ҷумла, дар ин хусус ӯ чунин иброз дошт: «Мо хушҳолем, ки имконияти аз гурӯҳ баромаданро то даври ниҳоӣ нигоҳ доштем. Ба бозӣ ба муқобили дастаи «Истиқлол» ба таври муқаррарӣ омодагӣ дидем. Дар бозии хонагӣ бо  дастаи «Истиқлол», ки моҳи март бо ҳисоби 2 бар 2 хотима ёфт, бачаҳои мо таҷрибаи кофии бозӣ касб карданд. Ҳоло бачаҳо дар ҳолати хуб қарор доранд ва ба бозии душвор муқобили «Истиқлол» омода мешаванд. Чунин меҳисобам, ки ҳарду даста ҳамдигарро хуб медонанд. Бозии имрӯза ғолиби гурӯҳро муайян хоҳад кард».

Ёдовар мешавем, ки баъди натиҷагирии даври панҷуми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи «D» дастаи футболи  «Истиқлол» бо 13 имтиёз дар ҷои аввал қарор дорад. Дастаи футболи «Алтин Асир» бо 11 имтиёз дар ҷои дуюм мебошад. Дастаи «Аҳал»-и Туркманистон бо 4 имтиёз дар ҷои севум ва дастаи  футболи «Олой»-и Қирғизистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум  қарор доранд.

Хотиррасон менамоем, ки  марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 дар минтақаи Марказӣ 16 май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқа танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоии байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии ниҳоии Ҷоми КФО-2018 27 октябри соли равон доир мегардад.

Май 16, 2018 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд