Мулоқотҳои дуҷонибаи Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин
ДУШАНБЕ,22.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 21 майи соли 2018 дар шаҳри Пекин дар ҳошияи иштирок дар Вохӯрии сенздаҳуми Котибони Шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай мулоқоти Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров бо узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Вазири амнияти ҷамъиятии Чин Чжао Кэчжи доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо муҳимияти тадбиқи мувофиқаҳои миёни сарони ҳарду давлат бадастомада ва санадҳои дар соҳаи амният баимзорасидаро ёдовар шуда, доираи васеи масъалаҳои ҳамкории ҳарду кишвар дар самти таъмини амният ва субот, аз ҷумла, масъалаҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро муҳокима намуданд. Ҳамчунин вобаста ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ, аз ҷумла, вазъият дар Афғонистон табодули назар сурат гирифт.
Ҷонибҳо талошҳо ва саҳми давлатҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла, Тоҷикистон ва Чинро дар ташаккулёбӣ ва рушди Созмони мазкур қайд карда, аз он изҳори ҳамфикрӣ намуданд, ки ин Вохӯрии Котибони Шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ барои омода намудани Ҳамоиши СҲШ дар шаҳри Чиндао марҳилаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ҳамчунин бо Мушовир оид ба амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Насер Хан Ҷанҷуа вохӯрӣ намуд.
Дар рафти вохӯрӣ мавзӯъҳои рӯзмараи ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният изҳори қаноатмандӣ карда, таҳким ва тавсеаи минбаъдаи онҳоро таъкид карданд.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки якуми Покистонро дар Вохӯрии Котибони Шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ хуш пазируфта, оид ба ҳамкории минбаъдаи мутақобилан муфид дар доираи ин Созмон изҳори боварӣ дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






