«Низоми бонкӣ: вазъи воқеӣ ва дурнамо», — рӯнамоӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 01.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. 30 апрел дар доираи семинари илмӣ-амалӣ барои устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таҳти унвони «Низоми бонкӣ: вазъи воқеӣ ва дурнамо» рӯнамоӣ (презентатсия) пешниҳод гардид.
Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, мавзӯи мазкурро муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев муфассал шарҳ дода, оид ба мақсади асосии татбиқи сиёсати пулию қарзӣ аз ҷониби БМТ, нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, сатҳи таваррум ва меъёри бозтамвил, намояи қурби номиналӣ ва воқеии асъор, фаъолнокии фишангҳои нави амалиётии монетарӣ ва раванди татбиқи сиёсати монетарӣ барои иштирокдорон маълумот манзур намуд.
Инчунин Ҷ. Нуралиев таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба «Стратегияи сиёсати монетарӣ ва асъорӣ барои солҳои 2016-2020» дар реҷаи гузариш ба низоми ҳадафгирии таваррум, фаъолияти Кумитаи сиёсати монетарӣ ва салоҳияти қабули қарорҳо аз ҷониби он, таъмини шаффофият дар амалиёти монетарӣ, автоматикунонии низоми ҳисоботи оморӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба рушди низоми бонкии мамлакат ҷалб намуд.
Бино ба иттилои манбаъ, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар фароварди рӯнамоии худ аз донишҷӯёни Донишгоҳ даъват ба амал овард, ки бо истифода аз манбаъҳои захиравии Донишгоҳ, устодони ботаҷриба, шароити муосири фароҳамшуда ва фазои ҳукмфармои сулҳу субот дар мамлакат, донишу малакаи худро тибқи таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ такмил дода, оянда дар рушди иқтисодиёти мамлакат саҳмгузор бошанд.
Ҳамчунин аз ҷониби муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бобати нуктаҳои калидӣ дар татбиқи ислоҳоти низоми бонкӣ, аз ҷумла дурнамои низоми бонкӣ бо дарназардошти рушди низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, ба кулли такмил додани идоракунии корпоративӣ дар ташкилотҳои қарзӣ, таҳким бахшидани сиёсати пешгирии хавфҳо дар ташкилотҳои қарзӣ, ба роҳ мондани фарҳанги дурусти қарздиҳӣ ва риояи касбият, таъмини шаффофият дар пешниҳоди маълумот ва ҳисоботдиҳӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ пешниҳодҳо карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






