О-ФА-РИН! Кӯдакони тоҷик бо иҷрои суруди «Смуглянка» қалби корбарони интернетро тасхир намуданд
ДУШАНБЕ, 08.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тарбиятгирандагони боғчаи кӯдаконаи №6 «Гулшан»-и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд дар рӯзҳои истироҳатии гузашта бо иҷрои суруди «Смуглянка» корбарони интернетро ба ваҷд оварданд. Навори видеоӣ (ролик) 2 май аз ҷониби телевизиони маҳаллии «Ғулакандоз» дар «You Tube» гузошта шуд.
ҶДММ «ТВ Ғулакандоз» соли 1994 дар асоси иҷозатномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Минтақаи пахши ТВ «Ғулакандоз» ноҳияҳои Ҷ. Расулов, Спитамен, Б. Ғафуров ва қисми ҷанубу шарқии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ки дар онҳо беш аз 300 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, дарбар мегирад. Барномаҳои ин телевизион бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ пахш мегарданд.
Видеое, ки гап сари он меравад, аз ҷониби телевизиони «Ғулакандоз» дар доираи лоиҳаи таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ роҷеъ ба ҳодисаҳои солҳои 1941-1945 наворбардорӣ шудааст.
Ин навор аллакай дар чандин шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода шуда, танҳо дар «Одконлассники» онро қариб 4,5 миллион нафар тамошо кардаанд.
Одамон аз шаҳрҳои гуногун таассуроти хешро иброз медоранд:
Александр Смирнов, Украина: «Хеле олиҷаноб аст! Ба бадан мурғак медавад …».
Лена Иванова, Россия: «Чи ҷазобатест! Ба шумо хушбахтиву саломатӣ мехоҳем!».
Ҳаётой Муминова, сароянда, ш. Душанбе: «Олӣ! Офарин!».
Александр Евсюков, ш. Кримск, кишвари Краснодари ФР: «Навори олӣ ва кӯдакон-дилрабо!..».
Анастасия Андрюшина, ш. Бишкек: «Ман ин ҷо нишастаам ва қалбам ба туғён омадааст. Зеро ин суруд барои ман хеле азиз аст».
Светлана Балашова, директор оид ба фурӯши ҶСК ШС «РОСНО», ш. Москва: «Олӣ! Дар боғчаи кӯдакона ҳангоми омодагӣ ба чорабинӣ кӯдакон пурсидаанд, ки шуҷоат ва шараф чӣ маънӣ доранд. Албатта, чунин корҳоро кардан лозим аст, то ки наврасони мо гузаштаро донанд ва фаромӯш накунанд …».
Алиҷон Юлдошев, аксбардор, ш. Душанбе: «Ташаккур ба роҳбару муррабиёни боғча ва пеш аз ҳама ба волидоне, ки дар ниҳоди фарзандони хеш чунин эҳсосро тарбият кардаанд …».
Зарина Мусаева: «Хотира ҷовидонӣ хоҳад буд, агар он аз насл ба насл расонида шавад».
Владимир Захватов: «Бародарони тоҷик! Сипос барои ин навори олӣ бахшида ба 9 май! Ид ба ҳамаатон муборак!!!».










ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






