Қоҳир Расулзода: «Россия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад»
ДУШАНБЕ, 31.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи Россия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин бора Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни изҳороти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид бо Роҳбари Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведов иттилоъ дод.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин росто Қоҳир Расулзода зикр намуд, ки «Тоҷикистон барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои савдо ва иқтисод аз ин ҳам иқтидори бузургро доро мебошад. Дар семоҳаи аввал гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Россия тақрибан 230 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод».
Ҳамзамон таъкид шуд, ки имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 300 адад корхонаҳои муштарак дар соҳаи энергетика, истихроҷи маъдан, сохтмон ва тиҷорат фаъолият мекунанд.
Бино ба иттилои Қоҳир Расулзода, дар ҷараёни мулоқот масоили вобаста ба истиқомати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қаламрави Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо барои дар оянда андешидани тадбирҳои марбут ба тамдиди муҳлати буду боши шаҳрвандони Тоҷикистон, содагардонии талабот ва гирифтани патент, инчунин вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия таҳсил мекунанд, ибрози назар намуданд.













ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






