«ОБУ ОТАШ». Дар Душанбе спектакл аз рӯи асари ҳамноми нависанда ва драматурги тоҷик Мансур Суруш такроран ба саҳна гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 07.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо дархости Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон спектакли «Обу оташ» аз рӯи асари ҳамноми нависанда ва драматурги тоҷик Мансур Суруш, ки нахустнамоиши он ҳанӯз моҳи феврал баргузор гардида буд, 5 май дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ такроран ба намоиш гузошта шуд.
Қабл аз оғози намоиш мудири қисми адабии театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқ Қодир, ки баъд дар нақши яке аз қаҳрамонҳо рӯи саҳна омад, сухан гуфт. Ӯ ёдовар шуд, ки рӯзе пеш Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд анҷом ёфт, ки дар он Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд ва дар фарҷоми ин чорабинӣ Эъломияи Душанбе қабул гардида, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар хусуси муттаҳид сохтани неруҳо алайҳи терроризм ва экстремизм даъват ба амал оварда шуд. Ин даъват ба ғояи спектакл ҳамоҳанг аст.
Дар спектакл чунин масъалаҳои ҷаҳони муосир ба монанди таҳаммулпазирӣ, аксуламал ба терроризм ва экстремизм, роҳандозии арзишҳои динӣ якҷо бо арзишҳои дунявӣ, умумибашарӣ дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ, одамдӯстӣ, эҳтироми инсон новобаста ба мансубияти ӯ ба дину мазҳаб ва миллату нажод бардошта шудаанд.
Нақшҳои асосиро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Носир Ҳасанов, Муҳаммадҷон Шодиев, Асалбек Назриев, Сония Наврӯзова ва дигарон хеле муассир ва боварибахш офариданд. Рассом Нина Панова буда, дар ороиши мусиқавӣ Далер Назаров саҳм дорад.
Бояд гуфт, ки аксарияти тамошобинонро намояндагони аҳли дин, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит ташкил медоданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






